Руководители структур
24 Ноябрь 2020
Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи давлатии Хуҷандро бо ихтисоси "Иқтисодчӣ" хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро солҳои 2000-2012 дар вазифаи хазинадори муҳосиботи Ҳукумати шаҳри Хуҷанд оғоз намудааст.
Солҳои 2012-2013 муваққатан мутахассиси пешбари бахши молия ва хоҷагии дастгоҳи Раиси шаҳр таъин гардида соли 2013 котиба коргузори ҳайати хизматрасонии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва соли 2013 муваққатан мутахассиси пешбари бахши меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва аз моҳи октябри 2013-2020 мутахассиси пешбари бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд фаъолият намудааст.
Моҳи марти соли 2021 бо розигии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида бо қарори Раиси шаҳр ба вазифаи мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таъин гардид.
Оиладор соҳиби ce фарзанд мебошад.