Навгонӣ
27 Июл 2014
Субҳи имрӯз Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз ду муассисаи иҷтимоии шаҳри Хуҷанд дидан намуданд.
Дар хона парваришгоҳ, ки бо номи Хонаи пиронсолон ном бурда мешавад, Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҳамроҳи бошандагони хона сӯҳбат анҷом дода, онҳоро бо Иди Саиди Фитр табрик намуд.
Ба муассисаи мазкур курсӣ, ҷиҳози рахти хоб, чангкашак маводи гуногуни ғизо ва ғайра тақдим карда шуд. Раиси вилояти Суғд таъкид намуд, ки назари нек ва марҳамати мақомоти маҳаллӣ барои бошандагони муассисаи мазкур доимӣ буд ва мемонад.
Муфассал... Шарҳ додан







