Навгонӣ

Озмуни ҳунармандони наврас.

Бо ташаббуси Бахши занон ва оила ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Хуҷанд дар Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Хуҷанд озмуни ҷавнондухтарон таҳти унвони «Ҳунар чашмаи зоянда ва давлати поянда» баргузор гардид. Он тибқи барномаи давлатии тайёр намудани мутахассисон ва таъмини шуғли ҷавнондухтарон барои солҳои 2012-2015, дарёфти ҳунармандони миллӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии занон пешбинӣ шудааст. Озмун байни муҳассилини 6 муассисаҳои таълимии маркази вилоят баргузор гашта, иштирокдорон дар шартҳои зардӯзӣ, йӯрмадӯзӣ қуроқдӯзӣ маҳорати баланд нишон дода, аз ҷониби ҳакамон баҳои махсус гирифтанд.
Аз рӯи натиҷаҳои озмун ҷойи аввал насиби Гимназияи №24, ҷойи дуюму сеюм бошанд, мактаби таҳсилоти умумии № 10 ва 14 сазовор гаштанд.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

altДӯстони азиз!
Дар кишвари азизи мо, Тоҷикистон Рӯзи умумиҷахонии муҳити зист аз соли 1988 ва ҳамчун иди давлати бошад аз соли 2008 инҷониб дар сатҳи баланд қайд карда мешавад.
Таҷлилнамоии ин рӯз бо мақсади ба масалаҳои глобалӣ муҳити зисти сайёра таваҷҷӯҳ намудани сокинон равона гардидааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди қабули барномаи махсуси Созмони Миллали Муттаҳид, ки даҳсолаи охирро «Соли оби тоза» эълон гаштааст, ташаббускори асосии қабули он буданд, ки яке аз қисматҳои муҳими амалисозии нигоҳдории сайёраи замин аз ҳар гуна омилҳои таъсиррасони экологӣ маҳсуб меёбад.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

altБо камоли эҳтиром ва самимияти афзун кормандони муҳандисию техникӣ, коргарони корхонаҳои саноати сабук, собиқадорони меҳнат ва кулли алоқамандони соҳаро бо иди касбӣ - Рӯзи кормандони саноати сабук табрику шодбошиҳо мегӯям. Ба онҳо саломатӣ, саодатмандӣ ва дар меҳнати садоқатмандонаашон баҳри рушди саноати мамлакат ва пешрафти иқтисодиёти кишвар муваффақиятҳо таманно мекунам.
Хуҷанд бо маънои томаш шаҳри калони саноатист ва хоса бо корхонаҳои азими ресандагию бофандагӣ, рангуборкунию дӯзандагиаш шӯҳрати ҷаҳонӣ дарёфтааст. Муҳим он аст, ки аксари корхонаҳои саноати сабуки қаламрави шаҳр ба ашёи хоми беруна кам ниёзмандӣ доранд ва бештар барои истеҳсоли маҳсулот аз пахтаю пила ва чарми дохилӣ, ки аксаран дар хоҷагиҳои навоҳии вилоят омода мешаванд, истифода мебаранд.

(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Пайкараи Содирхон Ҳофиз дар шаҳри Хуҷанд.Бо иштироки раиси вилояти Суғд Абдурахмон Кодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд сохтмони хобгоҳ барои ансамбли рақсии Зебо дар шаҳри Хуҷанд оғоз гашт. Раиси вилоят санги асос ва нома ба наслҳои ояндаро гузошта, изҳор дошт, ки то Наврӯзи соли 2015 ин бино ба истифода дода мешавад. Бинои мазкур аз ду ошёна, хобгоҳ ва толори тамрин иборат буда, дар хобгоҳи он 30 нафар духтароне ки аз ноҳияҳои дурдаст мебошанд, ҷой дода мешаванд. Ҳоло дар ин ансамбл 83 нафар фаъолият доранд. Алҳол роҳбарии ансамблро Шаҳло Ҷалилова ба зимма дорад.
Баъдан бо иштироки Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва набераи ҳофиз Аҳмадҷон Каримов парда аз рӯи муҷассамаи Содирхон Ҳофиз дар вазъияти тантанави бардошта шуд. Баландии муҷассама 4,5 метр ва барии он 2 метрро ташкил дода он аз ҷониби пайкаратарош Даврони Раҳмадзод сохта шудааст. Барои бунёди он 6 тонна бетон ва 34 ҳазор сомонӣ маблағ сарф гардидааст.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

alt

Омӯзгорон ва хонандагони арҷманд!
Дар кишвари хуршедию соҳибистиқлоли мо – Тоҷикистони гулафшон як соли хониши дигар сипарӣ шуда, дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ «Занги камолот» садо медиҳад. Ба ин муносибат кулли омӯзгорону хонандагон ва махсусан хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳрро табрику таҳният гуфта, барояшон саломатии комил, рӯзгори фараҳбахш, файзу иқболи зиндагӣ, роҳи сафед ва барору комёбиҳоро таманно менамоям.
Соли хониши 2013-2014 - ро аҳли маорифи шаҳри Хуҷанд бо руҳияи баланди шукргузорӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқбол намуда, дар давоми соли таҳсил ба дастовардҳои назаррасу шоиста ноил гардиданд.

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...