Навгонӣ
19 Декабр 2013
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд даъвати чорум баргузор гардид.
Баъди муаррифии сардори тозатаъини Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд полковник Эмин Ҷалилов иҷлосия ба кори худ шуруъ намуд.
Пас аз интихоби котиботи иҷлосия ва тасдиқи рӯзнома Раиси Маҷлиси вакилони халқ,Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов дар назди вакилон аз натиҷахои соҳаҳои шаҳр мухтасар малумот дод. Вакилони мардуми Азимҷон Ҷабборов Музаффар Атахонов ба музокира баромада, доири натиҷаҳои ба даст оварда изҳори назар намуданд.Муфассал... Шарҳ додан