Навгонӣ
10 Апрел 2015
Қабл аз ҷамъомади тантанавӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо шароити хизмат буду боши сарбозон, таъмини маводи хӯрока ва захираи он ошно гардид.
Лозим ба ёдоварист,ки дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз қисми низомӣ соҳиби биною иншоотхои нав шуда, барои омодагии ҳарбӣ, омӯзиши низомӣ тамоми шароитҳои лозима фароҳам оварда шудааст.
Ба Раиси шаҳри Хуҷанд масъулин иттилоъ доданд,ки ҳоло барои таъминоти сарбозону афсарон, тамоми намуди маводи ғизо ба ҳадди кофӣ захира карда шудааст.
Раҷаббой Аҳмадзода таъкид намуд, ки ба номгӯи таоми хизматчиён ҳатман таомҳои миллӣ ҳамроҳ карда шуда, беш аз ҳама ба ғизонокии онҳо эътибор дода шавад.
Муфассал... Шарҳ додан







