Навгонӣ

Намоиш-фурӯши ниҳолҳо ва гулу зироатҳои кишоварзӣ дар шаҳри Хуҷанд Дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд намоиш фурӯши ниҳолҳо, кӯчати гулҳо ва тухмии зироатҳои кишварзӣ баргузор гардид.

Аз субҳи содиқ мардуми бисёре ба макони намоиш-фурӯш ҷамъ омада, ниҳолу гулҳои орошӣ, тухмиҳои зироатӣ, маҳсулоти кишварзиро харидори намуданд.

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз растаҳои ниҳол маҳсулоти кишоварзӣ, тухмиҳои зироатҳо дидан намуда, доири баланд бардоштани ҳосилнокӣ, истифодаи усулҳои нави агротехнологӣ мубодилаи назар намуданд.

Семинар - машварати дастурдиҳӣ барои роҳбарони муассисаҳои таълимию тиббӣБо ташаббуси Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар мактаби таҳсилоти умумии № 31 шаҳри Хуҷанд семинар машварати дастурдиҳӣ барои роҳбарони донишгоҳу донишкада муассисаҳои касбию техникӣ, мактабҳои миёна, махсус ва то мактабӣ, сарварони дармонгоҳу беморхонаҳо ширкат намуданд.

Дар оғоз Раиси шаҳри Хуҷанд ба ҳозирон маълумот дод,ки дар мавсими зимистони соли 2013 -2014 таҷриба мактаб гимназияи №№ 4, 31 ва мактаби хусусии «Иршод» нишон дод, ки тавассути ба кор андохтани буғхонаҳои алоҳида, муассисаҳои мазкур имкон доштанд, фасли сарморо бе ягон душворӣ, бо ҳарорати муътадил паси сар намоянд. Масрафи ангишт барои кори мунтазами ду деги буғӣ дар як шабонарӯз 80 - 100 килогармм ангиштро ташкил медиҳад. Ин миқдор сӯзишворӣ ба масоҳати 2500 метри муррабаъ толор ҳарорати на камтар аз 18 градусро таъмин мекунад.

Ҳазор бех ниҳоли сояафкан барои шинондан омода гардидИмрӯз ба ихтиёри муассисаи кабудизоркунии шаҳри Хуҷанд боз ҳазор бех ниҳолҳои сояафкану ҳамешасабзи «Ардач» ворид гардид. Ниҳолҳои мазкур 7-8 сола буда, аз нохяи Ваҳдат оварда шуданд.

Назар ба иттилои сардори муассисаи кабудизоркунии шаҳри Хуҷанд Шуҳрат Раҳимбоев ниҳолҳои мазкур аллакай пагоҳ барои дар кучаю гулгаштҳои маркази вилоят шинондан омода карда мешаванд. Ҳоло бошад кормандони муассисаи мазкур тану шохаҳои ниҳолҳоро ба тартиб оварда, барои нигоҳдории онҳо шароит муҳайё менамоянд.

Бо истифода аз аввалин рузхои гармии арафаи фасли баҳор тамоми муассисаҳои ободонию кабудизоркунӣ барои ба таври ҳашар шинондани ниҳолҳои ҳамешасабз ва гулҳои ороишӣ омодагии мукаммал мебинанд.

Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ва бо мақсади эҳё намудани ҳунарҳои миллии ниёгон, бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон, татбиқи нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатии «Тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012-2015», муофиқи дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, бобати дастгирӣ ва рушди ҳунарҳои дастии қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ, адрасбофӣ, бо ташаббуси Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода грантҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд эълон гардиданд.

Маблағи умумии грантҳо 55 ҳазор сомонӣ буда, 5 грант ҳар яке 5000, сомонӣ барои рушди ҳунари дастии қолинбофӣ, 5 грант ҳар яке аз 3000 сомонӣ, барои рушди ҳунари сӯзанидӯзӣ ва 5 грант ҳар яке 3000 сомонӣ, барои рушди ҳунари адрасбофӣ таъсис дода шуд.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Се лоиҳаи «Нишони шаҳри Хуҷанд» ба даври ниҳоӣ пешниҳод гардидКомиссияи муайян намудани «Нишони шаҳри Хуҷанд» ҷаласаи навбатии худро доир намуд. Ин навбат ҳайати комиссия зиёда аз 100 лоиҳаи «Нишони шаҳри Хуҷанд»-ро бо назардошти фикру пешниҳоди ҳайати комиссия, ки дар ҷаласаи гузашта баён шуда буд манзур намуданд.

Ба ҷаласаи мазкур 15 нафар рассомони ҷавон ва касбӣ лоиҳаи нишони шаҳрро барои баррасии аъзоёни комиссия пешниҳод карданд.

Баъди муҳокима комиссия ба хулоса омад, ки се лоиҳа барои коркарди ниҳоӣ ба муаллифон баргардонда шуда,тавсия гардид, ки давоми як ҳафта ба ҷаласаи  ниҳоии пешниҳод гардад.

Лозим ба ёдоварист,ки комиссияи мазкур тибқи Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 15 ноябри соли 2013 № 690 «Дар бораи озмуни лоиҳаи «Нишони шаҳри Хуҷанд» ва муқаррар намудани «Рӯзи шаҳр» таъсис дода шуда он аз 20 нафар иборат аст.

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...