Навгонӣ

Таъсиси грантҳо барои дастгирии рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ дар шаҳри Хуҷанд.Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, № 5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқот бо соҳибкорони ватанӣ аз 25 декабри соли 2007 ва Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2015 оид ба эҳё намудани ҳунарҳои миллии ниёгон, бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон, татбиқи нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатии «Тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012-2015» ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 16 феврали соли 2015, №79 «Дар бораи таъсиси грантҳо барои дастгирии рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ дар соли 2015» Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бобати дар соли 2015 ҷудо намудани 15 грантҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла 5 грант ҳар яке 5000 сомонӣ, 5 грант ҳар яке 3000 сомонӣ ва 5 грант ҳар яке 2000 сомонӣ, барои рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ қарор имзо намуд.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Аввалин ихтиёриён ба хизмати ҳарбӣ рафтанд.Дар майдони маҷмаи фаввораҳо ва муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ҳамоиши ботантана ба муносибати гусели аввалин ҷавонони синни даъвати, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон худро номнавис кардаанд бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ Раиси шаҳри Хуҷанд ба ҷавонписарон,-сарбозон муроҷиат намуда, таъкид намуд, ки «Мо бояд меҳру муҳаббат ва тамоми ҳастии худро ба он равона месозем, то халқи азизамон дарк намояд, зеро артише, ки марзашро ҳимоя карда метавонад ва мардумаш таҳти ҳимояи он аст, зиндагии осоишта ба сар мебарад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти кишварамон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ имрӯзҳо барои мустаҳкам намудани пояи моддиву техникии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо кадрҳои баландихтисос ва ботаҷриба, таъмин намудани сафи афсарон, беҳтар кардани шароити зиндагии низомиён диққати махсус зоҳир менамоянд.»

(3 овоз, миёна 4.67 аз 5)

Кушодашавии маркази тиббии муосир бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд.Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд боз як Маркази ташхисии муолиҷавии муосир бо номи «Тибби Аҷам» ба фаъолият шурӯъ намуд.
Дар маросими кушодашавии он Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд.
Баъди буридани лентаи рамзӣ Раиси шаҳри Хуҷанд аз ин марказ дидан намуда бо фаъолияти табибон шароити корӣ ва сифати хизматрасонӣ ошно гардид.
Ҳангоми шиносоӣ Раиси шаҳри Хуҷанд зикр намуд, ки имрӯз имкониятҳои кормандони соҳаи тиб ва шароитҳои мавҷуда барои амалӣ намудани дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бобати баланд бардоштани сатҳу сифати муолиҷа ва хизматрасонии тиббӣ дар кишвар ва ҳамзамон мавҷудияти муолиҷаю ташхиси ҷавобгӯи тамоми талаботҳои ташхсии муосир дар Тоҷикистон заминаи устувор фароҳам омадааст.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд ба гуфторҳои радиои нав оғоз бахшид.Дар фазои иттилоотии маркази вилоят шаҳри Хуҷанд боз як радиои мустақил бо номи «Шаҳри ман» ба фаъолият шурӯъ намуд.
Субҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар чорабинии тантанавии ба фаъолият оғоз намудани ин радио иштирок намуд.
«Имрӯз сиёсати иттилоотии кишвар бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он равона шудааст, ки тамоми расонаҳои мамалакат  новобаста аз шакли моликият бо назардошти манфиатҳои миллӣ ва амнияти иттилоотӣ фаъолияти худро ба роҳ монанд. Дар ҳамин замина мо умед дорем, ки Радиои «Шаҳри ман» барои амалӣ гаштани ин супориши сарвари давлат ва тарғиби барномаҳое, ки аз ҷониби Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ имсол эълон гаштааст, саҳми арзанда хоҳад гузошт.»- таъкид намуд Раиси шаҳри Хуҷанд.

Ҷаласаи кории Раиси шаҳри Хуҷанд.Субхи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо иштироки роҳбари дастгоҳ, муовинони Раиси шаҳр ва роҳбарони воҳидҳои сохтори Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи корӣ доир намуд.
Қаблан Раиси шаҳри Хуҷанд доири иҷрои супоришҳои худ дар мавриди эҳтиёт ва нигоҳдории дарахт ва гулу лолаҳои ороишӣ аз сармои ду се рӯзи охир пурсиш намуд.
Ба Раҷаббой Аҳмадзода маълумот дода шуд,ки давоми шабонрӯзи гузашта гулу ниҳолҳои баҳорӣ бо плёнкаҳои полиэтилэнӣ рӯйпӯш карда шуда, барои аз хунукзанӣ эмин  доштани онҳо, чораҳои фаврӣ андешида шуданд. Раиси шаҳр таъкид намуд, ки баъди гузашти рӯзҳои сармо бояд тамоми гулу буттаҳо ва дарахтони ороишӣ  бозбинӣ ва аз санҷиши мутахассисон гузаронида шуда, ба ҷойи ниҳолу гулҳои осебдида гулбуттаҳои нави ороишӣ шинонда шаванд.

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...