Навгонӣ

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Шиносоӣ Раиси шаҳр аз рафти корҳои тармим дар муассисаи тиббӣ.Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти корҳои таъмиру тармими Маркази мубориза бар зидди касалиҳои сили шаҳр боздид ба амал овард. Бояд тазаккур дод, ки Марказ ду сол муқаддам ба ин ҷо кӯчида буд, ки қаблан стансияи ёрии таъҷилии маркази вилоят амал мекард.
Бино ба гуфти роҳбари Марказ Роҳат Шодибоева айни ҳол наздик 30 нафар кормандон барои пешгирии аҳолии шаҳр аз гирифторшавӣ ба касалии сил мубориза мебаранд.
Раиси шаҳр зимни шиносоӣ бо рафти таъмир ба роҳбари ширкати сохтмонии «Авитсена» Парвиз Ҷӯраев дастур дод то ки таъмирро хушсифат ба ҷо оранд. Бояд тазаккур дод, ки аз ҳисоби буҷаи шаҳр барои таъмири лабаратория, даромадгоҳи Марказ ва баланд бардоштани девори атрофи он 150 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Рӯзи «Дарҳои кушод» дар қисми низомӣ.

Дар асоси иҷроиши Қарори Раиси вилояти Суғд ва қарори Раиси шаҳри Хуҷанд «Дар бораи таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони" Ҷавонон давомдиҳандагони ҳадафхои олии кишвар" ва бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, омода намудани онҳо ба хизмати модар-ватан бо иқдоми Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд санаи 13 майи соли 2015 дар қисми низомии 3501-и Қушунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Рӯзи дарҳои кушод ва шиносои ҷавонони сини то даъвати бо шароити хизмати сарбозону афсарон ташкил ва гузаронида шуд.
Афсарону сарбозонро муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Умеда Муродова аз номи Раиси шаҳри Хуҷанд бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик намуд.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Марафони ҷавонон аз Хуҷанд то Душанбе.Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва тарғиби ҳаёти солим имрӯз марафони варзишии ҷавонон бо унвони «Ҷавонон ҷонибдори тарзи ҳаёти солим» аз шаҳри Хуҷанд оғоз ёфт.
Ба ин муносибат дар пояи парчами миллӣ расми гусели варзишгарон бо иштироки зиёда аз 100 нафар ҷавонони маркази вилоят ва масъулини мақомоти маҳаллӣ доир гардид.
Тибқи нақшаи баргузоркунандагони ин чорабинӣ давоми панҷ рӯз ҳафт нафар варзишгарони вилоят бо роҳи Хуҷанд- Спитамен- Шаҳристон- Айнӣ- Варзоб санаи 16 май ба пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе расида, санаи 17 май дар «Дави миллӣ» иштирок хоҳанд кард.
Дар расми гусели варзишгарон муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Умеда Муродова ширкат намуда орзую таманниёти неки Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба иштирокдорони ин марафон расонд.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

altҲамдиёрони гиромӣ!
Рӯзи байналхалқии оиларо барои ҳар яки Шумо ва тамоми сокинони диёрамон аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд муборакбод намуда, хоҳони рӯзгори ободу осуда ва устувории бинои оила ҳастем.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ, ба масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, аз ҷумла гуфтаанд: «Мусаллам аст, ки ҷомеаи солим аз оилаи солим ва насли солим ташаккул меёбад. Вобаста ба ин пешниҳод менамоям, ки соли 2015 дар кишвар «Соли оила» эълон карда шавад.»

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Марҳилаи навбатии гулзоркунии шаҳр идома дорад.Дар шаҳри Хуҷанд марҳилаи нави гулшинонӣ, гулзоркунии кӯчаю хиёбонҳо ва майдонҳо оғоз ёфт.
Дар асоси супориши Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳоло кормандони муассисаҳои ободонӣ ва кабудизоркунии шаҳр ба ҷойи гулҳои аз нашунамо монда, гулҳои мавсимии «Питуня» «Карнайгул» ва дигар намуди гулҳои маҳаллиро ба тарзу усули махсуси ороишӣ шинонда истодаанд.
Бо мақсади огоҳӣ ёфтан аз вазъи феълии корҳо дар ин самт Раиси шаҳри Хуҷанд аз рафти корҳои гулзоркунӣ ва ободонӣ шинос шуд. Таъкид гардид, ки дар баробари гулзор намудани шаҳр ба талаботи агротехнологӣ истифодаи ранги гул вобаста ба мавзеъ эътибори ҷиддӣ дода шавад.

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...