Навгонӣ
22 Апрел 2015
Бо мақсади шиносоӣ аз мавҷудияти захираҳои гулу буттаҳои орошӣ ва сатҳу сифати парвариши онҳо Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз муассисаҳои кабудизоркунию гулпарварии шаҳр,- Идораи кабудизоркунӣ ва коргоҳи ғайридавлатии «Гулафшон», ки ҳамчунин ба парвариши гулҳои орошӣ машғул аст, дидан намуд.
Ҳоло дар муассисаҳои номбурда зиёда аз 30 намуд гулҳои ороишӣ аз қабили «Марҷонгул», «Питунья», «Голларгия», «Пагетис» ва ғайра парвариш меёбанд. Раиси шаҳри Хуҷанд роҳбарияти ин коргоҳҳои гулпарвариро муваззаф намуд,ки минбаъд барои қонеъ намудани талаботи тамоми ташкилоту муассисаҳои шаҳр бо гулҳои орошӣ фаъолитяи худро ба роҳ монанд.
Муфассал... Шарҳ додан







