Навгонӣ
05 Май 2015
Давоми чанд рӯз аст, ки Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба меҳмонии иштирокчиёни ин ҷанг ва шахсони дар давраи ин ҷанг бесарпаноҳмонда меравад.
Раҷаббой Ахмадзода ба манзили 23 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 2 нафар шахсони дар натиҷаи ин ҷанг бесарпаноҳ монда рафта ба ҳамаи онҳо кӯмаки яквақтинаи моддӣ иборат аз мавод ғизо,- орд биринҷ, равған, гӯшт, шакар макарон ва ғайра расонд Ҳамчунин ба ҳамаи иштирокдорони ҷанг либоси идона чун тӯҳфаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ супорида шуд. Раиси шаҳр ин мардони фидокорро бо фарорасии Иди Ғалаба табрик намуда, таманниёти неку орзуҳои самимонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро ба хотири ин санаи фархунда ба онҳо расонд.
Муфассал... Шарҳ додан







