Навгонӣ
04 Июн 2015
Бори нахуст бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар Қасри фарҳангии ба номи А.Рӯдакӣ ҳисоботи эҷодии якҷояи ин таълимгоҳҳо доир гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз намоиши маҳсули меҳнати аъзоёни маҳфилҳои ин муассисаҳои таълимӣ дидан намуда, дар консерти ҳисоботии ҳунармандони ҷавон иштирок намуд.
Ҳангоми боздид аз асарҳои офаридаи рассомон, дӯзандаҳо, кешбофон ва дигар ҳунармандону эҷодкорон Раиси шаҳри Хуҷанд аз завқи бадеӣ ва ҳунарии тарбиятгирандон изҳори қаноатмандӣ намуда, ба мутасаддиёни соҳаи фарҳанг, маориф ва ин муассисаҳо супориш дод, ки дар Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» мағзаи махсуси фурӯши маҳсулоти ин таълимгоҳхоро ташкил намоянд.
Муфассал... Шарҳ додан







