Навгонӣ

Корҳои ободонӣ Хуҷандро зебо мегардонанд.Дар асоси супориши Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода давоми ду ҳафта дар ҳудуди шаҳр бо ҳамдастии сокинон ташкилоту муассисаҳо ва идораҳо  дар интиҳои ҳафта ҳашари умумишаҳрӣ доир мегардад. Дар баробари ин таъмиру тармими объектҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ кӯчаю хиёбонҳо, воситаҳои равшанидиҳии шаҳр идома ёфта шинондани гулҳои тирамоҳӣ оғоз ёфтаанд.
Давоми ду рӯз дар интиҳои ҳафтаи сипаригашта аз ҷониби гулкорони идораи кабудизоркунӣ ба миқдори 4000 дона гули тирамоҳӣ шинонда шуда, омода намудани майдонҳои гулкорӣ барои шинонидани  навҳои гуногуни гулҳои тирамоҳӣ идома дорад. Ҳамчунин дар баробари тоза кардани ҷӯйборҳои қадди роҳҳои асосии шаҳр, корҳои таъмири ва тоза кардани ҳавзҳои фаввораҳои маҷмааи муҷассамаи И.Сомонӣ, муҷассамаи А.Рӯдакӣ ба сомон расонда шуд.

Боз як фаввораи Хуҷанд азнавсозӣ мешавад.Дар баробари ободу зебо нигоҳ доштани маркази вилоят тибқи дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода давоми моҳи равон азнавсозии чанде аз мавзеҳои фароғатии сокинон ба нақша гирифта шудааст. Яке аз онҳо фаввораи назди ҳайкали К. Хуҷандӣ дар шоҳроҳи ба номи И. Сомонӣ аст.
Фаввораи мазкур давоми ду ҳафта аст, ки бо меҳнати мутахассисону кормандони Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд азнавсозӣ мешавад. Аз рӯи лоиҳа фаввораи мазкур тарҳи нав гирифта, он чароғакҳои ранга ороиш дода мешавад.  Фишори оби фаввораҳо низ баландтар шуда, он аз қисмат  иборат хоҳад буд. Баландии он бошад зиёда аз панҷ метр гашта, интизорӣ меравад намои хуштарҳу фаввораҳои ҷолиби он ба мавзеи номбурда ҳусни ҷадид зам хоҳад кард.

Дар гузари «Кӯпруки баланд» чойхона азнавсозӣ шуда, боғчаи кӯдакон бунёд мегардад

Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон мақомоти маҳаллӣ кӯшиш менамояд дархост ва муроҷиати шаҳрвандонро сари вақт ҳаллу фасл намояд.
Рӯзи қабули шаҳрвандон якчанд сокинони гузари «Кӯпруки баланд»-и маҳаллаи «Чорчароғ» ба Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода барои мусоидат ва дастгирии таъмиру азнавсозии чойхонаи маҳалла муроҷиат намуда буданд.
Имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳамроҳии муовинон, роҳбарони сохторҳои меъморию шаҳрсозӣ, кумитаи замин, муасссисаи ободонӣ ба чойхонаи гузари «Кӯпруки баланд» омад.
Сокинони ба Раиси шаҳри Хуҷанд доири таъмирталаб будани чойхонаи ин гузар маълумот дода изҳор намуданд, ки дар сурати дастгирии макомоти маҳаллӣ онҳо низ тариқи ҳашар барои ободонии ин чойхона саҳми худро хоҳанд гузошт.

Раиси шаҳр бо сокинони маҳалли азнавсохташаванда сӯҳбат намуд.Дар асоси накшаи генералӣ ва лоиҳаи азнавсозии кӯчаю хиёбонҳо дар маркази вилоят сохтмону бозсозии чандин иншоотҳои муҳим ва бунёди хонаҳои истиқоматии баландошёна пешбинӣ гаштааст.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо сокинони бинои дуошёна, ки дар кӯчаи ба номи Камоли Хуҷандӣ № 134 аст, мулоқот намуд.
Бинои мазкур тибқи нақшаи генералии шаҳрсозӣ бо мақсади васеъ намудани кӯчаи ба номи К Хуҷандӣ ва аз байн бурдани биноҳои мӯҳлати истифодаашон ба охир расида, бояд азнавсозӣ шавад.
Дар асоси нақшаи номбурда ва тасдиқи Шӯрои шаҳрсозӣ ба ҷойи бинои мазкур аз ҷониби Ширкати сохтмонии ҶДММ «Эҷод» бунёди як бинои 12 ошёнаи 54 ҳуҷрагӣ ба нақша гирифта шудааст.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шаҳр баробари аёдат мушкилоти ниёзмандонро ҳал мекунадБа муносибати Иди саиди Фитр аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд, вакилони маҳаллӣ корхонаву ташкилотҳо ва соҳибкорон зиёда аз се ҳазор нафар шахсони бемор, яккаву танҳо нафарони камбизоат ва пирони рӯзгордидаю собиқадорони меҳнати шаҳр аёдат карда шуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд ба аёдати якчанд нафар шахсони ниёзманд ва бемору танҳо рафта, онҳоро бо Иди саиди Фитр аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси вилояти Суғд табрик намуд.
Арафаи Иди Фитр шодии ду оилаи эҳтиёҷманди шаҳри Хуҷанд,- оилаи Абдуллоевҳо ва Зумратовҳоро канор набуд.
Толиб Абдуллоев сокини шаҳри Хуҷанд буда дар муассисаи идораи нақлиёти санитарӣ фаъолият дорад. Номбурда беш аз 20 сол мешавад, ки иҷоранишин буда, ҳамроҳи ҳамсари бемораш се кӯдаки ноболиғро ба воя мерасонад.

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...