Навгонӣ

Имкониятҳои сайёҳии Хуҷанд дар Ҷопон муаррифӣ мешавад

Яке аз стратегияи муҳими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин рушди сайёҳӣ ва муаррифии имкониятҳои кишвари зебоманзари мо барои ҷалби ҳар чӣ бештари сайёҳон аст. Бинобар он таваҷҷӯҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ барои омода намудани мутахассисони соҳа ва баланд бардоштани сатҳи касбии онҳо назаррас аст.
Дар ҳамин замина дар асоси ҳамкориҳои Чумхурии Точикистон ва давлати Ҷопон чандест, ки дар Тоҷикистон барномаи Оҷонсии мкосибатҳои байналхалқии давлати Ҷопон амал намуда барои омода кардани мутахассисони соҳаҳои гуногун, такмили малакаи касбии онҳо саҳм мегузорад.
Тибқи барномаи номбурда аз санаи 21 июл то санаи 7 август 6 нафар кормандони сохторҳои давлатии соҳаи рушди сайёҳӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар семинари омӯзишии «Рушди сайёҳии минтақавӣ» дар ин кишвар қарор доранд.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозӣИмрӯз дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ бо иштироки муовинони Раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, роҳбаритяи прократура, корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ коммисариати ҳарбӣ,ҳолатҳои фавқулодда, раисони кумитаҳои маҳалла, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва ғайра баргузор гардид.
Кори ҷаласаро бо суханони ифтитоҳӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода оғоз намуда ҳозиронро бо тағийроти кадрии сохторҳои қудратии шаҳри Хуҷанд ва ҳайати нави Шӯрои номбурда шинос намуд.
Бо фармонҳои сохторҳои дахлдор ба вазифаи сардори Коммисариати ҳарбӣ Эҳсон Ғанихӯчаев, сардори Идораи нозироти андоз Аҳлиддин Давлатов ва Прокурори шаҳр, мушовири адлияи дараҷаи 1 Солизода Арабшоҳ таин шудаанд, ки ҳамзамон шахсони зикргардида ба ҳайати Шӯрои ҳамоҳангсозӣ шомил гардиданд.

Рӯзи қабули сокинон дар мақомоти шаҳри Хуҷанд.Имрӯз низ тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бошандагони маркази вилоятро бо дархаст ва мусоидати ҳалли мушкилоти зиндагиашон қабул намуд.
Аз пагоҳии барвақт ба унвонии шаҳрдорӣ   барои кӯмаки харидории масолеҳи сохтмонӣ 8 нафар, таъмин барои истиқоматии муваққатӣ дар хобгоҳ 4 нафар, ҷойгир намудан дар кӯдакистон 2 нафар, баррасии масалаи гирифтани замини наздиҳавлигӣ 7 нафар, расондани кӯмаки моддӣ 7 нафар, мусоидат барои харидории либоси мактабӣ 2 нафар муроҷиат намуданд.
Ҳамчунин барои ҳалли масъалаҳои гуногун 13 нафар муроҷиат намуданд, ки Раҷаббой Аҳмадзода барои муайян намудани роҳҳои ҳалли онҳо муовинон ва дигар масъулини сохторҳои дахлдорро вазифадор намуд.

Ҷавонон дар тозагии соҳили дарё саҳм мегузоранд.Бо максади таквият бахшидан ба корхои ободкориву созандагӣ, тозаю обод гардонидани соҳили дарёи “Сир” санаҳои 24-25 июли соли равон дар соҳили дарёи “Сир” шанбегии умумшаҳрӣ бо ҷадби ҷавонони фаъол, варзишгарон ва масъулини бахши кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии маркази вилоят гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур беш аз 80 нафар жавонону варзишгарон иштирок намуда, соҳили дарёи «Сир»-ро аз партовҳо, ашёҳои аз ҷониби шаҳрвандон  партофташуда ва алафҳои худрӯй тоза карда шуданд.
Ҳамчунин бо кӯмаки ихтиёриён соҳили рости дарёи “Сир” аз қисмати варзишгоҳи “Лочин” то интиҳои меҳмонхонаи навбунёд алафҳои дарё ва обсабзҳои соҳил  даравида шуда, шохаҳои хушкшуда ва алафҳои худрӯйи байни соҳилу роҳи нақлиётгард тоза карда шуданд. Чунин корҳои ободонӣ дар соҳили чапи дарёи “Сир” аз кӯпруки “Ҷашнӣ” то қади соҳили роҳи Кӯдакистони Президентӣ аз партовҳо ва алафҳои хушкшуда тоза карда шуд.

«Сайри харбуза» дар Хуҷанд.Шоми дирӯз дар маҷмаи таърихӣ ва фарҳанги фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ «Сайри харбуза» доир гардид.
Дар чорабинӣ муовинони Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ Назира Абдуллозода Ғаффорӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуданд.
Ба чорабинӣ ҳамчунин меҳмонони хориҷи кишвар, ки ба ярмаркаи иқтисодии «Суғд-2015» даъват шуда буданд, ширкат намуданд.
Дар саҳни ҳавлии боғи фарҳангӣ  ноҳияҳои кишрварзии вилоят, ноҳияи Спитамен, Ҷ. Расулов, Б. Ғафуров, Конибодом чанд намуди харбузаҳои ширинро ба намоиш гузошта, аз ин намуди меваи полезӣ дастурхонро оро дода буданд. Ҳамчунин ба ҳаводорони ин намуди мева шаклҳои ороиш ва пешниҳоди харбуза манзур гардид.
Ҳамчунин меҳмонон мақбараи рамзии Хоҷа Камоли Хуҷандиро зиёрат намуда, хона-музеи ин орифи бузург ошно гаштанд.

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...