Навгонӣ
03 Июл 2015
Бо заифон лутфу эҳсон мекунад.
Бо шарофати сиёсати сулҳофари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанде пеш дар саросари Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллиро ид кардем. Ва ба ин муносибат мардум аз гузаштаи наонқадар дур - аз рӯзҳои мудҳише, ки солҳои навадум баъзе нохалафон ба сари халқ оварданд, бо надомат ва оҳи пурдарду афсӯси ҷигарсӯз ёд мекарданд. Ҷанги шаҳрвандӣ, ҳунрезиву аз гиребони ҳамдигар гирифтани додару бародар, ба коми оташ андохтани биноҳои ободу манзилу маконҳои бо машаққат сохтаи пиру ҷавон, дилҳои ҳанӯз ҳам решу дардмандро сахт фишор медоданд, боз ба дард меоварданд...
Меваи ин беақлиҳои кул ва нобасомониҳои мудҳиш - хориву зорӣ, гуруснагиву муҳтоҷӣ, маҳрумият аз дидори ҳамдигар, мурдаҳои бекафан ва чашмҳои ашкбори ҳазорон хурду калон ва пиру ҷавонҳои ноком буданд...
Муфассал... Шарҳ додан







