Навгонӣ

Семинар-машварат оид ба сабақҳои омӯхташудаДар доираи Созишномаи кӯмаки башардӯстона - бунёди вижаи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда, ки ба оилаҳои зарардида аз офати табиӣ дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Ҷ.Расулов ва Айнии вилояти Суғд барои 130 оила аз ҳисоби Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар маводҳои ғайрихӯрока, аз ҷумла кампал, рахти хоб, болиш, бистар, ҷиҳози обгирӣ, сатили пластмасӣ, бел, каланд, маводҳои ошхонаву гигиенӣ дастрас карда шудааст, бо мақсади ҳамоҳангсозии минбаъдаи фаъолияти дастаҳои миллӣ ба ҳолатҳои фавқулодда дар маҳал рӯзи 5 августи соли 2015 дар шаҳри Хуҷанд семинар-машварат оид ба сабақҳои омӯхташуда баргузор гардид.

altКормандони ташкилотҳои бинокорӣ, кули сохтмончиёнро ба муносибати иди касбиашон - Рӯзи сохтмончиён сидқан аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд муборакбод менамоям. Барои ҳар яки онҳо тани сиҳату хотири ҷамъ, рӯзгори обод ва дар меҳнати пурифтихорашон баҳри ободию шукуфоии кишвари азизамон муваффақиятҳо хоҳонам.
Аслан мафҳуми созандагию бунёдкориро ҳам ба сохтани иморат, бунёди шаҳру деҳот ва ҳам ба тафаккури покизаи инсонӣ, обод кардани иморати зиндагӣ, бунёдгузории ҳаёти нав нисбат медиҳанд. Аз ин хотир тазаккур бояд дод, ки рӯ ба созандагӣ ниҳодани мамлакат, бунёди даҳҳо иншооти таъиноти иҷтимоию маишӣ ва фарҳангӣ, торафт ободу зебо гардондани манзилу макон нишони тинҷию осоиш, устувории сулҳу амонӣ ва хотири ҷамъи мардумон аст.

Ҷаласаи кории Раиси шаҳри Хуҷанд.

Имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо иштироки муовинон, мудирони шӯъба ва роҳбарони як қатор сохторҳои мақомоти маҳаллӣ ҷаласаи корӣ доир намуд. Раиси шаҳри Хуҷанд доири дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи васеи Ҳукумати ҷумҳурӣ, ки рӯзи гузашта баргузор гардида буд, ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Таъкид гардид, ки то санаи 10 августи соли равон бояд тамоми муассисаҳои тиббӣ ва таълимӣ ҳамчунин муассисаҳои иҷтимоии шаҳр корҳои омодагӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ ба анчом расонда шавад. Мутасаддиёни соҳа ба Раиси шаҳри Хуҷанд маълумот доданд, ки то имрӯз тамоми муассисахои соҳаи маориф ва тандрустӣ бо маблағҳои лозима таъмин гашта, дар мӯҳлати муқарраргардида, аз иҷрои нақшаи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон иттилоъ хоҳанд дод.

Табрикоти Раиси шаҳри Хуҷанд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи варзишгаронВарзишгарон, собиқадорону мураббиён ва кормандони соҳаи варзишро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо ин рӯзи муборак табрику таҳният гуфта, бароятон тансиҳативу хонаободӣ, бахту иқболи баланд ва дастовардҳои бузурги варзиширо таманно дорам.
Воқеан, варзиш дар ҳар давру замон қосиди сулҳу дӯстӣ ва муаррификунандаи ҷаҳони маънавию солимии миллату давлат буд ва минбаъд низ боқӣ хоҳад монд. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзиш дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҷузъи муҳими таркибӣ ва пураҳамияти арзишҳои фарҳангӣ гашта, рушду инкишоф додани он дар байни табақаҳои васеи омма яке аз омилҳои муҳими солимгардонии ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Маркази сайёри хунсупорӣ дар шаҳри Хуҷанд.Имрӯз сокинони шахри Хуҷанд имкон доштанд, бо хоҳиши худ дар маркази сайёр хун супоранд.
Таи чанд сол аст, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр маркази сайёри донорӣ ташкил карда мешавад.
Имрӯз низ дар назди дармонгоҳи дандонпизишкии маркази вилоят духтурон ва ҳамшираҳои тиббии Маркази хуни вилояти Суғд бунгоҳи тиббии қабули хунро ташкил намуда буданд.
Давоми нимаи аввали рӯз зиёда аз 40 нафар ба ин маркази сайёр муроҷиат намуда, 26 нафари онҳо хун супориданд.
Тибки муқаррароти қабулгашта дар аввал шахсони хоҳишманд аз муоинаи тиббӣ гузашта,

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...