Навгонӣ

Волидайн аз ҳоли фарзандони сарбози худ хабар гирифтанд.Тибқи нақшаи якҷояи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд хабаргирии падару модари сарбозон аз зиндагӣ ва шароити ҳамарӯзаи фарзандонашон дар қисмҳои низомӣ ба ҳукми анъана даромадааст.
Бо мақсади беҳтар намудани сифати даъвати ҷавонон ба сафи Қӯшунҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ,ҳамчунин тибқи супориши Раиси шаҳри Хуҷанд Рачаббой Аҳмадзода ҳафтаи равон гурӯҳи 30 нафараи волидайн аз ҳоли фарзандони худ, ки дар қисмҳои низомии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ, Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳи хизмат менамоянд, хабар гирифтанд. Гурӯҳи волидайнро намояндагони Мақомоти иҷрояии ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва комиссариати ҳарбии маркази вилоят ҳамроҳӣ намуданд.

Марҳилаи навбатии лоихаҳо тибқи нақша оғоз меёбад.

Бо дастгирии бевоситаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд давоми чанд сол аст, ки лоиҳаи беҳтар намудани сифати обтаъминкунӣ ва фаъолияти идораи партовкашонии шаҳр амалӣ мегардад. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Бонки Таҷдид ва Рушди Аврупо маблағгузорӣ шуда, аз ҷониби коршиносон баҳои баланд гирифтааст.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳайати кории бонки номбурда бо роҳбарии Бахтиёр Файзиев мулоқоти корӣ анҷом дод.
Қаблан ҳайати меҳмонон доири сатҳу сифати амалишавии лоиҳаҳо бо Раиси шаҳри Хуҷанд мубодилаи андеша намуданд.
Аз ҷониби меҳмонон доири сифати иҷроиши вазифаҳои дар марҳилаи дуюми таъминоти оби нӯшокӣ ва марҳилаи аввали лоиҳаи беҳтар намудани сифати хизматрасонии идораи партовкашонӣ изҳори қаноатмандӣ зоҳир гардид.

Марафони хайриявӣ

Субҳи имрӯз аз назди Кӯдакистони президентӣ то назди муҷассамаи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ марафони хайриявии маъюбон бо номи «Саломат бошед» доир гардид, ки дар он 100 нафар маъюбони шаҳру вилоят иштирок карданд. Дар назди муҷассама онҳоро намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо тантана пешвоз гирифтанд.
Зимни чорабинӣ гуфта шуд, ки марафони мазкур бо дастгирии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гашта истодааст.
Имрӯз дар вилояти Суғд зиёда аз 56 ҳазор маъюбон зиндагӣ мекунанд. Аз онҳо 15500 нафарашон маъбони камбизоат-аъзои Чамъияти маъюбони вилоят ба ҳисоб мераванд, ки ҳамеша аз дастгириву ғамхории давлату ҳукумат бархурдор ҳастанд.

Спартакиадаи варзишии табибон

Дар варзишгоҳи «Лочин» Спартакиадаи варзишии муассисаҳои тиббии вилояти Суғд  доир гардид.
Чорабинии мазкур бахшида ба рӯзи табибон,ки ҳамасола санаи 18 август қайд мегардад, баргузор гардид. Табибону кормандони  соҳаи тандурустӣ аз рӯи панҷ намуди варзиш,- футбол, валейбол, шашка, шоҳмот ва  тениси рӯи миз байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Дар мусобиқаи ниҳоӣ ва ҷамбасти ин чорабинӣ муовини Раиси вилояти Суғд Назира Абдуллозода Ғаффорӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок ва баромад намуданд.
Аз рӯи натиҷаҳои мусобиқа байни дастаҳои  футболбозон  дастаи Беморхонаи шаҳрии № 1 ба номи Султон Урунов ҷойи аввалро ишғол намуда, дастаи табибони Беморхонаи вилоятӣ мақоми дуюмро соҳиб гаштанд. Дар ҷойи сеюм бошад Маркази микроҷарроҳии чашми вилояти Суғд қарор гирифтанд.

Мулоқоти номзадҳо бо интихобкунандагон.Тибқи қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз санаи 30 июни соли равон дар ҳавзаи интихоботӣ ба № 5 «Масҷиди сурх»-и шаҳри Хуҷанд, ба ивази вакили хориҷшуда санаи 30 августи соли равон интихоботи такрорӣ барои мақоми вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғдро соҳиб гаштан, баргузор мегардад.
Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи ҳавзаи интихоботии мазкур силсилаи мулоқоту вохӯриҳо бо номзадҳои сабтшуда оғоз ёфт.
Мулоқоти нахустини интихобкунандагон дар мактаби таҳсилоти умумии № 3 маркази вилоят бо номзадҳои вакили маҷлиси вилоятӣ, Гулбаҳор Маҳкамова ва Хайём Турсунов баргузор гардид.
Баъди ифтитоҳи вохӯрӣ аз ҷониби раиси ҳавзаи интихоботии № 5 номзадҳои зикргардида ба ҳозирон барномаи пешазинтихоботии худро муаррифӣ намуданд.

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...