Навгонӣ
19 Сентябр 2014

Сокинони шаҳри Хуҷанд Шарифа Сайфиддинова ва Наргиза Норматова, ки модари танҳо маҳсуб ёфта фарзандони маюб доранд, дар рӯзи қабули Раиси шаҳри Хуҷанд барои сохтмони манзил аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд кӯмак хоста буданд.
Шаҳрвандони мазкур баъди соҳиб шудан ба қитъаи замини наздиҳавлигӣ имкони бунёди манзил надоштанд. Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳамроҳии роҳбарони идораҳои сохтмонӣ меъморӣ ва заминсозӣ барои оғози корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод. « То фаро расидани фасли сармо сокинони мазкур бояд дар манзили нав истиқомат намоянд»-таъкид намуд Раиси шаҳри Хуҷанд.
Муфассал... Шарҳ додан