Навгонӣ

Ҳама ҷо анҷумани Наврӯз астДар ширхогоҳ-кӯдакистони №24 ҷашни Наврӯзи байналмилал ботантана таҷлил карда шуд. Дар чорабинии наврӯзӣ, ки таҳти унвони «Наврӯз ҷаҳонӣ шуд!» баргузор гардид, ҳамаи кормандони ширхоргоҳ-кӯдакистон ва зиёда аз 300 нафар тарбиятгирандагон иштирок намуданд. Дар ин рӯз намоиши корҳои дастисохти миллии мураббиён, гӯшаи миллӣ  иборат аз асбобҳои миллии қадима, дар як канори саҳна духтаракон бо сӯзанидӯзӣ, дар тарафи дигар духтаракони гурӯҳи калони томактабӣ ба ӯсмакашиву мӯйбофӣ машғул буданд. Аз тарафи мураббиёни ширхоргоҳ-кӯдакистон дастурхони миллӣ ороста шуд, ки дар он хӯрокҳои миллӣ ба монанди оши палав, шавла, шавлаи мошдор, қалама, қурутоб, чалпаки бо пиёз, ҳалвои тар, фатири равғанин, манту гузошта шуда буд. Дар дигар гӯша бошад, дастурхони наврӯзӣ бо номи «Ҳафтсин» ва «Ҳафтшин» густурда шуд.

Наврӯзи «Дӯстии халқҳо» бо зиёиёнТаҷлили Наврӯзи Аҷам дар маҳаллаҳои шаҳр идома дорад. Имрӯз шодмонии сокинони маҳаллаи «Дӯстии халқҳо»-ро ҳадду канор набуд.
Зеро дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи оламафрӯз бошандагони биноҳои баландошёнаи № 38-39 соҳиби майдончаи варзишӣ гардиданд.
Қобили кайд аст, ки дар маросими чорабинии наврӯзӣ ва расми ифтитоҳи майдончаи варзишии навбунёд Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳайати меҳмонон иштирокдорони ҳамоиши адабии ҳавзаи Наврӯз, ки дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе доир гашта буд, ширкат намуданд.
Бештар аз 500 нафар сокинони маҳалла меҳмононро гарму самимӣ истиқбол намуда, бо ҳунару истеъдод, риояи суннатҳои наврӯзӣ, хони идона ошно намуданд. Ҳамчунин бо қувваи бошандагони маҳаллаи номбурда дар растаи наврӯзӣ намунаи маросимҳои наврӯзӣ ва суннатҳои мардуми минтақаҳои кишвар намоиш дода шуд.

Иди Наврӯз ва хатнатӯйи дар Шабакаи барқи шаҳри ХуҷандИмрӯз дар Идораи шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд чорабинии ботантанаи наврӯзӣ ва хатнатӯйии 6 нафар кӯдак аз оилаҳои ниёзманд баргузор гардид.
Дар саҳни коргоҳ, ки идона оро ёфта, шукӯҳи наврӯзиро дошт, кормандону пайвандони кӯдакон ҷамъ омада, суруру шодмонӣ доштанд.
Дар оғози ин маросими суннатӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода кули кормандони Шабакаҳои барқии шаҳр ва пайвандони кӯдакони тӯйдоштаро бо фарорасии Наврӯзи Аҷам табрик намуд.
«Иқдомҳои нек ва дастуру супоришҳои ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доири дастгирии шахсони ниёзманд дар рӯзҳои иду маросимҳои мардумӣ дар шаҳри Хуҷанд дастгирии ҳамаҷониба дорад. Маҳз яке аз ойини наврӯзӣ ин ғамхорию дастгирии нафарони эҳтиёҷманд ва кушодани дастурхони хайру саховат аст,ки имрӯз мо шоҳиди он ҳастем» қайд намуд дар баромади худ Раиси шаҳри Хуҷанд.
Раҷаббой Аҳмадзода ва сардори идораи Шабакаҳои барқи шаҳр Рустам Пӯлотов ба 6 нафар кӯдакон тӯҳфаҳои пулӣ ва хотиравиро супориданд.

(2 овоз, миёна 1.50 аз 5)

Таҷлили бошукӯҳи Наврӯз дар Хуҷанд

Имрӯз дар маркази вилоят сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанди бостонӣ қадами мубору файзбор, хуҷастапаю фараҳмандии Наврӯзро бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил намуданд.
Аз субҳи барвақт таҷаммӯи сокинон оҳангу суруди дилнишон, руҳияи болидаи иштирокдорони ин иди суннатӣ дар саҳни театри мазҳака мусиқии ба номи К. Хуҷандӣ файзи идҷойро афзун намуда буд. Дар саргаҳи ид зери садои карнаю дойира Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Ахмадзода меҳмонони Наврӯзи Хуҷандро бо нону намак, суманак ва таомҳои миллӣ гарм истиқбол намуд.
Шаҳрдори Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳайати бонуфузи бародаршаҳри Хуҷанд, шаҳри Могилев бо роҳбарии муовини аввали раиси Кумитаи иҷроияи шаҳри Могилев Александр Потемкин, Сардори Палатаи саноат ва савдои Федератсия Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Михаил Короблин, роҳбари Палатаи савдо ва саноати шаҳри Уралск Сергей Стругов ва дигар меҳмонон аз кишварҳои муштаракулманоферо ба Иди Наврӯзи Хуҷанд хайрамақдам гуфт.

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...