Навгонӣ

Барои гулзоркунии шаҳри Хуҷанд мутахассисони туркӣ ҷалб мешаванд.Дар асоси дастури Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар кори ҷаласаи нахустини худ дар соли 2015, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба мутахассисони соҳаи ободонӣ ва кабудизоркунӣ супориш дода буд, ки барои сарсабзу гулпӯш намудани шаҳри Хуҷанд, дар ҳама мавсими сол чораҳои амалӣ андешиданд.
Ҳамчунин таъкид гардида буд, ки нақшаи тарҳу усул ва шинондани навъҳои гуногуни гулҳои ороиширо таҳия намуда аз моҳи январ корҳои омодагиро барои гулзоркуниии маркази вилоят шурӯъ намоянд.
Бо ин мақсад Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода намояндаи ширкатҳои туркии «Буюкфиданч-илик», Дурусу финдан-илик, «Асия лала» Тоҳир Саидзода, Темир Гумуш, Саваш Байрактарро қабул намуд.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Низомиён аз қалъаи таърихии шаҳри Хуҷанд мекӯчанд.Дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон то ҷашни Наврӯзи умумиҷаҳонӣ дар шаҳри Хуҷанд қисми низомии 3501 қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз худуди қалъаи таърихӣ бояд бароварда шавад.
Бо ин мақсад айни замон дар қисмати дигари шаҳр корҳои сохтмонӣ азнавсозӣ барои кӯчондани  қисми низомии мазкур рафта истодааст. Бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои омодагӣ сохтмонӣ дар макони нави будубоши низомиён Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба маҳалли нави шаҳраки низомиён омаданд.
Тибқи нақшаи лоиҳавӣ дар макони нави қисми низомӣ тамоми шароитҳо барои хизмати афсарону сарбозон аз қабили ҳуҷраҳои хизматӣ, иншоотҳои ёрирасон, толори варзиш ва маҷлисгоҳро дар бар мегирад.

Нишасти матбуотии Раиси шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд нишасти матбуотӣ доир шуд, ки дар он Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода ба намояндагони воситаҳои ахбори оммаи шаҳру вилоят ва ҷумҳурӣ оид ба фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар соли 2014 дар самти пешбурди хоҷагии халқ маълумот дод. Аз ҷумла зикр кард, ки корхонаҳои саноатии шаҳр давоми соли 2014 ба миқдори 490 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013-ум 82, 1 миллион сомонӣ зиёд аст. Дар ин давра шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 153 адад расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 46 адад афзуд. Аммо 4 корхона: ҶС «Лаъл», ҶДММ «Некон», Идораи сохтмони №1 ва ҶДММ «Ворис» фаъолият надошт. Барои азнавсозии технология ва модернизатсияи корхонаҳои саноатии навташкил зиёда аз 44 миллион сомонӣ сармояҳои хориҷӣ ва дохилӣ масраф шуда, 1000 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт.

Бинои иловаги барои милитсионерони шаҳри Хуҷанд сохта мешавад.

Имрӯз дар Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд сохтмони бинои шӯъбаи мазкур оғоз ёфт.
Дар расми оғози бунёди ин иншоот Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро иштирок намуданд. Сараввал Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба 10 нафар нозирони минтақавӣ барои фаъолияти пурсамараашон  дар соли сипаригашта тӯҳфаҳои хотиравӣ супорид.
Бинои иловагии шӯъбаи номбурда иборат аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, он аз ҳуҷраҳои корӣ, толори варзишӣ маҷлисгоҳ ва чанд имкониятҳои иловагӣ баро фаъолияти пурсамари кормандони милисаи шаҳри Хуҷанд иборат аст.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба сохтмончиён супориш дод,ки бинои нав бояд то ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 мавриди истифода қарор гирад.

Барномаи солинавии  шаҳри Хуҷанд беҳтарин дар вилоят.Бо мақсади дарёфти чеҳраҳои нави ҳунарӣ истеъдодҳои ҷавон ва ҷалби шахсони лаёқатманд ба фарҳангу ҳунар аз санаи 15 то 31 декабр дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд», дар назди арчаи асосӣ озмуни барномаи фарҳангии солинавии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардид. Давоми 16 рӯз  истеъдодҳои ҷавони шаҳру ноҳияҳои вилоят дар назди ҳакамон ва сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд барномаҳои ҷолибу рангини худро пешниҳод намуданд.
Дар асоси низомнома  аҳли фарҳанги  шаҳру ноҳияҳо барои интихоби жанр ва тарзи пешниҳоди барномаи солинавӣ ихтиёр доштанд. Санаи 31 декабри соли сипаришуда, дар чорабиниҳои ниҳоии солинавӣ ҳайати ҳакамони бо салоҳият, ки аз ҷониби Раёсати фарҳанги вилояти Суғд таъсис дода шуда буд, натиҷаҳои озмуни солинавӣ  эълон гардид.

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...