Навгонӣ

Аёдат ва кумак ба собиқадорони ҷангу меҳнатБа ифтихори ҷашни 22-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аёдат карда шуда, мукофоти пулии Раиси шаҳр Раҷаббой Каримов супурда шуд.

Мудири Шуъбаи меҳ­­­­­нат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳр Шарифҷон Аҳмадов ва сармутахассиси Шуъбаи масоили иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва  робита бо созмонҳои ҷамъиятии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, Дадоҷон Ҳоҷибоев иштирокчиён ва маъюбони ҷанг Қосим Мирзохонов, Аҳмад Олимов, Мария Стелсова, Марина Робича ва Алишeр Комиловро аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон , Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода  ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр шахсан Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов бо иди Истиқлолият  табрик гуфта, барояшон тани баофият ва умри дароз   орзу карданд.

ТАБРИКОТИ  Раиси шаҳр бахшида ба 22-солагии Рӯзи Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонҲамшаҳриёни азиз!

Аз он рӯзе, ки Тоҷикистон соҳибихтиёрӣ ва Истиқлолияти давлатии худро ба ҷаҳониён эълом дошт, 22 сол сипарӣ мегардад ва рӯзи 9 сентябр дар тақдиру сарнавишт ва таърихи Тоҷикистони навин бо ҳарфҳои зарҳалӣ абадӣ нақш баст.

22 сол ин ҷониб мардуми диёри ҳамешасабзи мо аз самараи Истиқлол бархурдоранду бо дастони худ иморати мӯҳташами давлати демократии ҳуқуқпояи дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистонро бунёд мекунанд. Бо ақлу  заковат ва бузургии халқу  миллати тоҷик, ки пас аз дигаргуниҳои чашмнодидаву гӯшношунидаи мамлакат, пас аз ҷудоиҳову дур аз ватан афтоданҳо дар муддати бағоят кӯтоҳи таърихӣ боз ба ҳам пайваст, дар фазои кишвар сулҳу осоиш ва тинҷию амниятро барқарор кард, роҳи фардояшро мунаввар сохт ва дар миқёси умумиҷаҳонӣ мақому манзалати хосса пайдо намуд, оламиён ангушти ҳайрат мегазанд.

Иди Истиқлолият дар муассисаҳои иҷтимоӣДар арафаи ҷашни 22 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд  дар 6  муассисаҳои иҷтимоӣ, аз қабили мактабу хона-интернатҳо барои пиронсолон ва маъюбон,хонаи кудакон  муассисаҳои махсуси томактабӣ,мактаби бачаҳои ятим ва маъюб, чорабиниҳои идона  пешбинӣ  карда шудааст.

Чорабинии мазкур,ки   дар ҳамаи муассисаҳои зикргардида санаи  03 сентябри соли ҷорӣ баргузор мегардад, аз ҷониби  ширкату муассисаҳои вобастакардашуда  барои ниёзмандон дастурхони идона ороста шуда, ҳамзамон кумаки яквақтаи моддӣ низ расонда мешавад.

Дар маҷму ъ  300 нафар ниёзмандон  аз  кумаки идона баҳраманд хоҳанд шуд.

ТпбрикотРаиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов  бо мақсади табрики бошандагони Хонаи пиронсолони маркази вилоят   ташриф овард. Барои   58 нафар истиқоматкунандагони  ин хона  бахшида ба ҷашни Истиқлолият  дастурхони  идона  ороста шуд. Дар оғоз  Раиси шаҳр  ҳозиронро бо иди фархундаи миллат аз номи  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд табрик намуд. У  қайд намуд, ки  шароити будубош саломатии сокинони хонаҳои пиронсолон ва шахсони имконияташон маҳдуд ҳамеша зери назорат ва таваҷҷуҳи бевоситаи Ҷаноби Олӣ, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд муҳтарам Қоҳир Расулзода аст.  Сипас  суханҳои  шодбоширо  аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Абдуллоҷон   Мансуров Сардори Раёсати  хизматчии давлати дар вилояти Суғд    ба самъи ҳозирин  расонд.

(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Оғози соли таҳсил бо Раиси шаҳри ХуҷандРаиси шаҳри Хуҷанд  Раҷаббой  Каримов   дар   тантанаи  оғози соли нави хониш дар мактаби таҳсилоти умумии № 2 шаҳри  Хуҷанд  иштирок намуд. Сароғоз  Раиси шаҳр аз  толори варзишии мактаб, ки  аз таъмири  капиталӣ бароварда шудааст, дидан намуд. Толори варзиши, ки тули 25 соли охир руи таъмирро надида буд, бо кумаки соҳибкори маҳаллӣ аз нав барои тадрису тамрини муҳассилини дабистони мазкур  омода карда шуд. Раиси шаҳр аз сифати таъмир изҳори қаноатмандӣ  намуда омузгоронро даъват намуда, омузгоронро даъват намуд, ки ба тарбияи варзишии хонандагон ва тарғиби ҳамаҷонибаи тарбияи  ҷисмонӣ диққати  махсус  диҳанд.

Баъдан дар саҳни ҳавлии мактаб   дар ҳузури  омузгорону  толибилмони дабистони мазкур  Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой   Каримов   баромад намуд.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...