Навгонӣ
22 Май 2013
21 май танатанаҳои ҷашнии Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар маркази вилояти Суғд бо роҳпаймоии идонаи беш аз 20 ҳазор нафар ҷавонон, ки аксар донишҷӯёни муассисаҳои олии вилоят буданд, оғоз ёфт.
Шоми ҳамин рӯз дар майдони Парчам ва Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабинии идона бо иштироки Раиси вилоят Қоҳир Расулзода баргузор гардид.
Раиси вилоят Қоҳир Расулзода зимни суханронии табрикотии худ ҷавононро насли ояндасоз ва соҳиби минбаъдаи пешрафтҳои дунёи имрӯз хонда, нақши онҳоро дар пешбурди соҳаҳои гуногуни мамлакат муҳим арзёбӣ кард.Муфассал... Шарҳ додан