Навгонӣ

300 рӯзи ободонӣ ва бунёдкорӣ: Идомаи мумфаршкунии кӯчаҳои шаҳри ХуҷандРаиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба корҳои азнавсозии роҳи маҳаллаи Себзори шаҳри Хуҷанд ҳусни оғоз бахшид.

Раиси вилоят дар оғоз сокинони шаҳри Хуҷандро бахшида ба иди Ваҳдати миллӣ табрик гуфт ва аз вусъати корҳои созан-дагӣ дар қаламрави вилоят изҳори хушнудӣ намуд.

Зикр гардид, ки  дар ду-се соли охир роҳҳои марказии шаҳр-ҳои Хуҷанд, Қайроққум, Чкалов, Исфара, Истаравшан ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба маблағи зиёда аз 40 миллион сомонӣ мумфарш карда шудаанд ва дар ин мавсим кӯчаҳои асосии марказҳои ноҳияҳои Ашту Ғончӣ низ мумфарш гардиданд. Қоҳир Расулзода ҳамзамон қайд кард, ки барои азнавсозии роҳи маҳаллаи Себзор аз буҷети вилоят 5 миллион сомонӣ ҷудо шудааст.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Расондани кумаки моддӣ ба 175 ятими бе падару модарРасондани кумаки моддӣ ба 175 ятими бе падару модарПрезиденти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар қасри фарҳангии арбоби вилояти Суғд ба 175 нафар ятимони бе падару модар кумаки моддӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Аз кумакҳои моддии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст 87 нафар мактаббачоне, ки аз падару модар ятим мондаанд, бархӯрдор гардиданд.

Ба 88 нафар донишҷӯёни ятими бе падару модар низ туҳфаҳои хотиравӣ ва  кумаки моддӣ, аз ҷумла яктогӣ планшетҳои Samsung galaxy tab 2, ки барои донишҷӯён айни муддао аст, тақдим гардид.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мактаббачагону донишҷӯёни ятимро ба хониши хубу аъло, аз худ намудани илму техникаи муосир ва касбу ҳунари матлуби замон ҳидоят намуда, таъкид дошт, ки ҳеҷ гоҳ худро ятиму бепарастор эҳсос накунанд.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Комбинати овозадори абрешим бо номи Нассоҷи Хуҷанд аз нав эҳё гардидДар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин корхонаи Нассоҷи Хуҷанд ифтитоҳ ёфт.
Чунонки зикр гардид, ин корхона дар заминаи корхонаи кӯҳнаю фарсудашудаи комбинати абрешими шаҳри Хуҳанд, ки солҳои охир ҳамагӣ бо 5% иқтидори лоиҳавияш кор мекардааст, ба кор дароварда шуд. Ҳоло аз ҷониби ширкати Хуҷанд-Инвест-Коттон якчанд бинои ин корхонаи азим бо харҷи беш аз 2 миллион сомонӣ навсозӣ шудааст. Бо 55 миллион сомонӣ 44 адад таҷҳизоти нави муосир харидорӣ шуда, техникаю таҷҳизоти кӯҳна вале коршоям тармиму навсозӣ шудааст.
Бадин тартиб 800 нафар коргарони қаблии корхона, ки дар рухсатии бемуҳлату бемузд қарор доштанд, аз нав ба кор ҷалб шуда, 300 коргари нав низ қабул гардиданд ва шумораи умумии коргарон ба 1100 нафар расид.
Ҳоло ин корхона имкон дорад, ки солона то 4 ҳазор тонна нахи пахтаро коркард намуда, аз он маҳсулоти тайёр омода намояд. Тибқи нақшаҳои роҳбарияти корхона оянда иқтидори коркарди ин корхона бояд ба 7 ҳазор тонна ва шумораи коргарон ба 3 ҳазор нафар расонда мешавад.

(4 овоз, миёна 4.25 аз 5)

Иштирок дар иди зардолуСипас Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд омада, дар тантанаҳои иди Зардолу иштирок намуд.
Чунонки аён гардид, дар ин ҷо навъҳои гуногуни зардолуро аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят ба намоиш баровардаанд. Дар ин ҷо тамоми навъҳои зардолуи тару тоза ва зардолую дигар меваҳои шаҳдбор дар шакли хушк ва консерва ба чашм мерасид.
Хотиррасон бояд намуд, бо дастуру супоришҳои пайвастаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир ҳазорҳо гектар боғоти зардолу ва дигар меваҷот бунёд ёфта, боғу токзори зиёди куҳна барқарор гардид. Ин аст, ки фаровонии меваю сабзавот дар бозори дохилӣ сол ба сол бештар гардида, нишондодҳои содироти маҳсулоти кишоварзӣ низ рӯй ба афзоиш овардаанд. То имрӯз дар вилояти Суғд 54 ҳазор тонна зардолуи тару тоза ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба ҳосили пурраи соли 2012 7 ҳазор тонна зиёд аст. Танҳо дар 5 моҳи соли равон беш аз 40 ҳазор тонна зардолуи хушк аз ҳосили солҳои пешин аз вилояти Суғд ба хориҷи кишвар содир карда шудааст. Хушксозии ҳосили имсола бошад, дар тамоми шаҳру ноҳияҳо васеъ ба роҳ монда шудааст.

Шиносоӣ бо рафти сохтмони нахустин кӯдакистони ПрезидентӣҲоло дар иншоти мазкур беш аз 300 нафар бинокорон бо кор ва маоши баланд таъмин гардида, корҳои сохтмону васлгариро бо суръат ва сифати хуб идома медиҳанд.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин дастур дод, ки дар болои бомҳои биноҳо панелҳои офтобӣ барои таъмини мустақил бо нерӯи барқ гузошта шаванд. Таъкид гардид, ки биноҳои кӯдакистон бояд дорои навтарин шабакаҳои таъмини бехатарӣ аз сӯхтор ва шароити беҳтарини гигиению санитарӣ бошанд.Ин кӯдакистон, тибқи лоиҳа бо 5 бинои дуошёна барои 640 кӯдаки болаёқату соҳибистеъдод пешбинӣ шуда буд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки биноҳо боистифода аз масолеҳи сабуки сохтмонӣ сеошёна карда шуда, шумораи кӯдакон ба 1000 нафар расонда шавад. Дастур дода шуд, ки сохтмони кӯдакистон то 1 уми ноябри соли 2013 ба поён расонда шавад.Дар бинои асосии кӯдакистон ҳавзи шиноварии кӯдакона, толори машқи мусиқӣ ва ҳуҷраи компютерӣ пешбинӣ шуда, биноҳои дигар низ аз шароити хуби замонавӣ бархӯрдор хоҳанд буд. Дар ҳудуди кӯдакистон 16 майдони бозию шавқмандсозии кӯдакон, як майдончаи варзишӣ ва як майдон барои омӯзиши бехатарии ҳаракат дар роҳ бо таҷҳизоти замонавӣ муҷҷаҳаз хоҳанд шуд.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...