Навгонӣ

Ба Раиси шаҳр аз омодагӣ ба Наврӯз ҳисобот додандСубҳи имрӯз таҳти раёсати Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи корӣ бо иштироки муовинон, роҳбари дастгоҳ мудирони шӯъба, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, муассисаҳои таълимӣ, идораҳои коммуналӣ ободонӣ кабудизоркунӣ ва фаъолони шаҳр баргузор гардид.
Дар он Раҷаббой Аҳмадзода аз масъулини шаҳрдорӣ доири омодагиҳои корхонаю ташкилот ва муассисаҳои маркази вилоят пурсиш ба амал оварда бобати вусъати корҳои ободию сабзкорӣ супоришҳои мушаххас дод.
Бо назардошти он, ки дар маркази вилоят шаҳри Хуҷанди бостонӣ бори нахуст фестивали лолаҳо ва карнавали наврӯзӣ доир мегардад, ба идораи хоҷагию манзилӣ ва муассиаҳои гулкорию кабудизоркунӣ супориш дода шуд, ки ба тарҳу ороиши махсус хиёбону гулгашт ва кӯчаҳои шаҳр бо гулу лолаҳои рангоранг оро дода шуда, биноҳои ташкилоту муассисаҳои шаҳр рангубор карда шаванд. Идораҳои кабудизоркунӣ ва ороишии гулҳо дар навбати худ барои пешниҳоду шинондани тарзу усулҳои гуногуни ороши гулҳои баҳорӣ муваззаф гардида, маҳалҳои гулкории онҳо муқаррар карда шуд.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Таҳсилоти фосилавӣ қадами навбатӣ барои воридшавӣ фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣДар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд семинари илмӣ- амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Таҳсилоти фосилавӣ» доир гардид. Дар кори семинар роҳбарони як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят, устодони донишгоҳҳо ширкат доштанд. Як ҷанбаи фарқкунандаи семинар он буд, ки бо дастгирии ширкати мобилии ТСЕЛЛ ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ва Донишкадаи энергетикии шаҳри Қурғонтеппа тавонистанд бевосита дар муассисаҳои худ истода, тариқи интернет ба таври мустақим ба кори семинар пайваст шаванд.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Мактаби № 30 соҳиби толори варзиш ва синфхонаҳои дарси меҳнат мешавад.

Имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими  гузоштани хишти аввали бинои толори варзишии мактаби таҳсилоти умумии № 30 маркази вилоят ширкат намуд.
Мактаби мазкур соли 1995 мавриди истифода қарор гирифта, давоми соли хониш бинобар набудани толори варзиш, дарси хонандагон ба таври мукаммал баргузор намегашт.
Ба Раиси шаҳри Хуҷанд сохтмончиён қаблан доири лоиҳаи бинои толори варзишии мактаб иттилоъ дода қайд намуданд, ки толори варзишӣ барои баргузории дарси тарбияи ҷисмонӣ, мусобиқаҳои варзишии мактабиён ва ҳуҷраҳои таълимии омӯзгорон ва утоқҳои либоскашии духтарона ва писарона ба назар гирифта шудааст.
Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии шаҳр буда, иҷрокунандаи он Идораи сохтмонии «Нерӯи Суғд» мебошад.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Ҷаласаи нахустини Шӯрои кор бо ҷавонон баргузор гардид.Имрӯз таҳти раёсати Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода нахустин  ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонони назди Раиси шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Кори ҷаласаро Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳ намуда, иттилоъ дод, ки аз 20 нафар аъзои Шӯро 18 нафар нафар иштирок доранд.
Аъзоёни Шӯро рӯзномаи ҷаласаро иборат аз тасдиыи наышаи кории Шӯрои кор бо ҷавонони назди Раиси шаҳри Хуҷанд барои соли 2016, баррасии масъалаҳои ҷорӣ ва вазифагузориҳо тасдиқ намуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ дар шӯрои мазкур таъкид намуд, ки давлату ҳукумат бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи ҷавонон, илму фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа, махсусан ба таълиму тарбияи насли ҷавон эътибори аввалиндараҷа дода, барои пешрафти ин соҳа ва тайёр намудани мутахассисони соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ ҳамаҷониба мусоидат менамоянд.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Гранти Раиси шаҳр барои дастгирии ҳунармандони ХуҷандҶиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, № 5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», ва амалӣ гаштани дастуру супоришҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои эҳё намудани ҳунарҳои миллии ниёгон, бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон, дастгирии рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 29 январи соли 2016, №45 «Дар бораи таъсиси грантҳо барои дастгирии рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ дар соли 2016» Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода «Дар бораи таъсиси грантҳо барои дастгирии рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ дар соли 2016 дар шаҳри Хуҷанд» қарори дахлдор ба имзо расонд.

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...