Навгонӣ

Мулоқоти Раиси шаҳри Хуҷанд бо сокинони маҳаллаи «Мевағул».Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии № 23 бо сокинони маҳаллаи «Мевағул»-и маркази вилоят мулоқот анҷом дод. Дар суханони муқаддимавии худ номбурда ёдовар шуд, ки ин вохуриҳо дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гашта истодааст ва ин вохӯрӣ сеюмин ба ҳисоб меравад.
Раҷаббой Аҳмадзода доири пешравиҳои шаҳри Хуҷанд дар соли равон харф зада таъкид намуд, ки тамоми омилҳои пешравӣ пеш аз ҳама аз иштироки фаъолонаи ҳар як сокини шаҳри бостонии Хуҷанд маншаъ мегирад. Ташкили коронаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ, дастгирии аҳолии ниёзманд, омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, таъмир ва пурра мумфаршкуниии  роҳҳо, вусъати тозаи корҳои созандагию ободонӣ, баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон ва ғайра асоси фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷандро ташкил медиҳад.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд иҷроиши дархости сокинонро санҷид.Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода вобаста ба иҷроиши муроҷиат ва дархости шаҳрвандон имрӯз аз чанд манзилҳои сокинони ниёзманд дидан намуд.
Сокинони шаҳри Хуҷанд Шарифа Сайфиддинова ва Наргиза Норматова, ки модари танҳо маҳсуб ёфта фарзандони маюб доранд, дар рӯзи қабули Раиси шаҳри Хуҷанд барои сохтмони  манзил аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд  кӯмак хоста буданд.
Шаҳрвандони мазкур баъди соҳиб шудан ба қитъаи замини наздиҳавлигӣ имкони бунёди манзил надоштанд. Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳамроҳии роҳбарони  идораҳои сохтмонӣ меъморӣ ва заминсозӣ барои оғози корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод. « То фаро расидани  фасли сармо сокинони мазкур бояд дар манзили нав истиқомат намоянд»-таъкид намуд Раиси шаҳри Хуҷанд.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Мулоқоти вакилон бо интихобкунандагон.Имрӯзҳо дар корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои мухталиф мулоқоти вакилони Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашта истодааст. Чунин як вохурӣ дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз ҷониби  вакилони Маҷлиси Намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Домуллоҷон Ҷабборов ва Мунаввара Кенҷаева бо кормандони дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд ва интихобкунандагон баргузор гардид. Дар вохурӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуда, мулоқотро ифтитоҳ бахшид ва таъкид намуд, ки ин силсилавохӯриҳо барои боз хам беҳтар шудани иртиботи намояндагони мардум бо интихобкунандагон аст.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Дар коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ фаъол бояд буд.Тибқи супориши Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи Прокуратураи вилояти Суғд дар Кохи фарҳанги шаҳри Хуҷанд маҷлиси васеъ бо иштироки сарварони мактабҳои олӣ ва мактабҳои таҳсилоти умумӣ, мудирони шуъбаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, намояндагони уламои дини вилояту шаҳр, раисони кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳр, шӯроҳои занон ва бибиотунҳо доир гардид. Дар он Прокурори вилояти Суғд Қурбонзода Шариф Ҳабибулло, Раиси суди вилоят Анвар Иброҳимзода иштирок намуданд.
Маҷлисро Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода оғоз кард ва ба ҳозирин маълум сохт, ки бо вуҷуди ин қадар пешравиву муваффақият, ҷиноятсодиркунии шаҳрвандон ва ноболиғон дар ҷомеа боиси нигаронии шаҳрдорӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гардидааст.- Аз ин рӯ, фаъолони шаҳрро ин ҷо сарҷамъ намудем, то аз ин вазъ бохабар созем,- зикр намуд Раҷаббой Аҳмадзода ва суханро ба Прокурори вилоят Қурбонзода Шариф Ҳабибулло дод.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шаҳри аз се кӯдакистон дидан намуд.Мувофиқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси шаҳри Хуҷанд ба ғайр аз рӯзҳои қабули худ, ҳар ҳафта рӯзи шанбе, дар маҳаллаҳо бо сокинон мулоқоту сӯҳбат доир менамояд.
Дар маҳаллаи «Раззоқ» ба Раиси шаҳри Хуҷанд доири таъмир ва азнавсозии кӯдакистонҳои № 4 ва № 7, ки дар маҳаллаи мазкур ҷойгир аст, муроҷиат намуда буданд.
Нимаи аввали рӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳамроҳии роҳбарони идораи сохтмон,маориф аз се кӯдакистонҳое,ки дар маҳаллаҳои шаҳр воқеанд дидан намуд. Дар оғоз Раиси шаҳри Хуҷанд аз шароити таълиму тарбия ҷойи хоб, сифати таълими кӯдакистони № 7 дидан намуд.
Дар ин тарбиятгоҳ 124 нафар кӯдаконро 6 нафар мураббиён таълим дода, теъдоди умумии кормандони он 21 нафарро ташкил медиҳад.

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...