Навгонӣ
22 Апрел 2015

Ҳамагон хуб дар ёд дорем, ки санаи 26 апрели соли 1986 бар асари садама дар яке аз агрегатҳои Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил ҳодисае ба вуқӯъ пайваст, ки бар асари он муҳити атрофи давлатҳои зиёди кураи замин дучори ифлосшавии радиатсионӣ гардид ва солимии аксари аҳолии ҳамшафат зери хатар монд.
Ҳамшаҳриёни гиромӣ, аз ин ҳодисаи мудҳиш қариб 30 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, осори он то ҳол дар ҳаёту фаъолияти иштирокчиёни бартарафкунии ин садамаи аср аз байн нарафтааст.
Таърих ёд дорад, дар бартарафсозии ин ҳодисаи мудҳиш аз Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла, аз шаҳри бостонии Хуҷанд 120 нафар ҷавонмард бо ҳисси баланди ватандӯстӣ барои анҷом додани ин амали башардӯстона ширкат варзид.
Муфассал... Шарҳ додан