Навгонӣ

Чаласаи фаврии Раиси шаҳрСубҳи имрӯз иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз бо иштироки муовини авали Раиси шаҳр Хайрулло Ғайбуллозода, масъулини дахлдори соҳаи беҳдошту санитарӣ, ободонӣ, ҳифзи муҳити зист, идораи бойторӣ, обтаъминкунӣ ва хоҷагию коммуналӣ ҷаласаи фаврӣ доир намуд. Сараввал директори Маркази назорати давлатии сантираю эпидемиологии шаҳри Хуҷанд Абдуллозода Абдумавлон Абдумаҷит, Мухтор Каримов сардори Раёсати назорати давлатии байторӣ,Фирдавс Бойматов сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд, Иброҳим Абдуҷалилов директори генералии КВД «Хуҷандобуканал»  ба Раиси шаҳри Хуҷанд доири ҳолати имрӯзаи сантирии марказҳои савдо, хизматрасонӣ, ки бо фурӯши маводи хӯрока машғул ҳастанд, низоми сифати маҳсулоти гӯшту ширӣ дар фурӯшгоҳҳо, маводи қаннодӣ, меваҷот, ҳамчунин ҳолати имрӯзаи обтаъминкунии сокинон маълумот доданд.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Озмуни «Маликаи сол» ҷавондухтари зеботарини Хуҷандро муайян хоҳад кард.Бо мақсади эҳё намудани анъанаҳои милли, тарбияи маънавию эстетикии ҷавонон, эҳтиром ва муҳаббат нисбат ба зан, ҳусну ҷамол, тарзи муомилаву завқи либоспушӣ, мустаҳкам намудани тарбияи зебопарастӣ ҷавонон, бахшида ба 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд санаи 15 июни соли равон озмуни «Маликаи сол-2016»-ро баргузор менамояд.
Барои иштирок дар озмун то имрӯз  довталабони озмун, Гулрӯ Исмоилова - донишҷӯи донишкадаи иқтисод ва савдои донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон, Мавзуза Нормухамедова – донишҷӯи Донишкадаи политехники  Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи ак. М.Осимӣ, Парвина Қурбонова - хонандаи Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ № 16, Заррина Сатторова - донишҷӯи ДДХ ба номи академии Б. Щафуров, Ҷамолби Сафиева - донишҷӯи Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ва Сайфура Нозимова - хонандаи Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ № 22 дар маҷмӯъ ҳашт нафар номнавис шуда, барои озмун омодагӣ  мебинанд.

Вохӯрӣ бо раиси Кумитаи бонувони ҷумҳурДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд вохӯрии бонувони фаъоли шаҳри Хуҷанд бо раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Идигул Тағо баргузор гардид, ки дар он  сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Нодира Мирзозода иштирок дошт.
Муовини Раиси шаҳр Бурҳонзода Умеда Муродӣ вохӯриро бо сухани ифтитоҳӣ  оғоз бахшида, изҳор дошт, ки тибқи нақшаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти раиси кумита бо бонувони шаҳри Хуҷанд доир мегардад ва меҳмони олиқадрро ба Хуҷанди бостонӣ хайрамақдам гуфта, риштаи суханро ба Идигул Қосимзода дод.
Мавсуф аз пазироии гарми сокинони Хуҷандшаҳр изҳори сипос намуда, хушҳолӣ кард, ки  чеҳраҳои намоёну шинохтаи ҷумҳуриро дар ин толор мебинад.

Иҷлосия навбатии маҷлиси вакилони шаҳри Хуҷанд баргузор гардидИмрӯз дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум баргузор гардид.
Дар он иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз, муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ширкат намуданд.
Иҷлосияро муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Умедахон Муродӣ ифтитоҳ намуда, ба маълумоти вакилон ва иштирокдорони иҷлосия расонд, ки аз 39 нафар вакилон 34 нафар ҳозиранд, ки барои оғози кори ҷаласа имконият медиҳад.
Баъди тасдиқи ҳайати котибот ва рӯзномаи иҷлосия, ки иборат аз 8 масъала буд, намояндагони мардум ба баррасии масъалаи якуми рўзнома «Оид ба рафти иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2016, АП 681 “Дар бораи шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Умеда Муродӣ баромад намуд.

Дурнамои макроиқтисодӣ ва ҷойгиркунии оқилонаи қувваҳои истеҳсолкунандаДар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ бо иштироки ҳайати васеи меҳмонони олиқадр, профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯён конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Дурнамои макроиқтисодӣ ва ҷойгиркунии оқилонаи қувваҳои истеҳсолкунанда” баргузор гардид.
Директори Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ д.и.и., профессор Инъомҷон Аминов ба кори конфронс ҳусни оғоз бахшида, меҳмонони арҷманд ва аҳли нишастро ба донишкада хайрамақдам гуфт. Муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ зимни суханронии хеш меҳмонони аз хориҷи кишвар ташрифовардаро ба Суғди бостонӣ шодбош гуфт ва имкониятҳои иқтисодиву тиҷоратии вилоятро тавассути намоишномаи таҳияшуда дар баромади хеш манзури ҳозирин намуд.

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...