Навгонӣ

(1 овоз, миёна 2.00 аз 5)

Шиносоии Раиси шаҳри Хуҷанд  аз коргоҳи «Садаф»Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Ахмадзода бо мақсади шиносоӣ бо вазъи имрӯзаи фаъолият ба корхонаи давлатии «Садаф» омад.
Дар оғоз Раиси шаҳр бо ҳайати роҳбарият кормандони масъули ин коргоҳ ва корхонаҳое, ки дар ҳудуди он ҷойгиранд ҷаласаи корӣ доир намуд. Раҷаббой Аҳмадзода таъкид намуд, ки корхона имрӯз тамоми имконият ва шароитҳои мавҷударо бояд ба таври мукаммал истифода баранд. Ҳамчунин барои роҳандозии ҳамкории корхона бо ширкатҳои ҳамсони хориҷа тадбирҳои мушаххас андешидан лозим аст. Баъдан Раиси шаҳри Хуҷанд аз коргоҳи оҳангудозии ҶДММ «Ван-Да» дидан намуд. Дар коргоҳи мазкур маводи оҳанӣ азнав гудохта мешавад. Корхонаи мазкур дар нимсолаи аввали соли 2015 ба маблағи 353,3 ҳазор сомонӣ маҳсулоти оҳанӣ истеҳсол кардааст. Шумораи кормандон  бошад 15 нафар буда, музди миёнаи маоши онҳо 900 сомониро ташкил медиҳад.

Муассисаҳои тиббӣ сифати хизматрасониро баланд мебардоранд.Ҳифзи сиҳатии мардум, боло бурдани сатҳи муолиҷаю табобати сокинон яке аз максадҳои стратегии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда он зери таваҷҷӯҳи бевоситаи сарвари мамалакат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Бо мақсади амалӣ гаштани ин дастуру ҳидоятҳо баҳри беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва сари вакт омода гаштани муассисаҳои тиббӣ ба мавсими зимистонгузаронии солҳои 2015-2016 дар маркази вилоят корҳои назаррас анҷом дода мешаванд.
Назар ба маълумоти шашмоҳаи соли равон барои таъмири беморхонаи шаьрии №2 аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд зиёда аз 200 ҳазор сомонӣ маблағ пешбини шудааст ва то имрӯз таъмир идома дорад.
Баъди таъмири хушсифат Стансияи ёрии таъҷилӣ фаъолияти худро бо шароиту имконияти беҳтару бештар идома хоҳад дод.

Шахсони имконияташон маҳдуд ҳамеша аз ғамхорӣ бархурдоранд.

Ба муносибати Рӯзи маъюбон дар тарабхонаи «Ҷавонӣ»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки шахсони имконияташон маҳдуд чорабинии махсус доир гардид. Дар он беш аз 250 нафар шахсони имконияташон ва нафарони эҳтиёҷманд аз 25 муассисаи иҷтимоии шаҳру навоҳии вилоят ширкат намуданд.
Дар оғоз ҳозирон имкон доштанд аз маҳсули дастони маъюбон аз қабили сару либоси махсус ва дигар ашёи рӯзгор тамошо намоянд.
Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар ин чорабинӣ иштирок намуданд.
Ин табақаи эҳтиёҷманди ҷомеаро ба муносибати ҷашнашон Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ аз номи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳният гуфт.

«Парвози истеъдодҳо» дар истироҳатгоҳи «Парвоз»Бо дастгирии Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар мавзеи зебоманзари лагери «Парвоз» барои истироҳату фароғати хонандагони макотиби маркази вилоят идома дорад.
Дар оғози ҳафтаи равон  барои хонандагони болаёқату соҳибистеъдоди шаҳри Хуҷанд басти дуввум оғоз гардид. Тибқи нақшаи Муассисаи давлатии Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шӯъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд беҳтарин хонандагони соҳибистеъдоди муассисаҳои таълимӣ-ғолибони озмуну олимпиадаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ, ғолибони озмунҳои «Академияи хурди илмҳо», «Техникони наврас» ва хонандагони болаёқату соҳибистеъдод, ки теъдодашон 141 нафарро ташкил медиҳад, дар ин баст ба таътилу фароғат ҷалб карда шуданд. Бо ибтикори Марказ беҳтарин мураббияҳо: олимони ҷавон, устодони донишгоҳҳои вилоят, донишҷӯёни фаъол ва омӯзгорони соҳибтаҷриба бо барномаҳои зеҳнӣ, варзишию ҷисмонӣ ва фароғатию истироҳатӣ барои истироҳати толибилмон тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ намуданд.

Ороиш ва чароғонкунии  Хуҷанд идома дорад.Дар асоси  супориши  Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода Муассиаи давлатии чароғонкунии шаҳр таъмиру азнавсозӣ ва насби воситахои равшанидиҳию ва ороиширо дар кӯчаю хиёбон ва маҳаллаҳои шаҳр ба анҷом мерасонад.
Вобаста ба супориши зикргардида ва нақшаи корӣ бори аввал қисми кӯчаҳои маҳаллаи «Тиллокон», ки ин вакт сокинони он аз равшан набудани кӯчаҳои ин минтақа шабона душворӣ мекашиданд, 6200 метр хатти барқ кашида шуда, фурузонакҳои диодӣ бо ноқилқуттӣ насб карда шуд.
Ҳамчунин кормандону мутахаасисон то имрӯз таъмиру насби 100 дона фурӯзонак ва воситаҳои равшанидиҳандаи кӯпруки асосӣ ва маҳаллаи «Масҷиди савр»-ро бо риояи талаботи мавҷуда ба анҷом расонданд.

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...