Навгонӣ
18 Июл 2015
Рӯзи қабули шаҳрвандон якчанд сокинони гузари «Кӯпруки баланд»-и маҳаллаи «Чорчароғ» ба Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода барои мусоидат ва дастгирии таъмиру азнавсозии чойхонаи маҳалла муроҷиат намуда буданд.
Имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳамроҳии муовинон, роҳбарони сохторҳои меъморию шаҳрсозӣ, кумитаи замин, муасссисаи ободонӣ ба чойхонаи гузари «Кӯпруки баланд» омад.
Сокинони ба Раиси шаҳри Хуҷанд доири таъмирталаб будани чойхонаи ин гузар маълумот дода изҳор намуданд, ки дар сурати дастгирии макомоти маҳаллӣ онҳо низ тариқи ҳашар барои ободонии ин чойхона саҳми худро хоҳанд гузошт.
Муфассал... Шарҳ додан