Навгонӣ

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд.Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода сокинони маркази вилоятро бо мақсади баррасии дархост ва мусоидат намудан барои ҳалли мушкилоташон қабул намуд.
Бештари масъалаҳои сокинони шаҳр ин ҳафта ба баҳсҳои оилавӣ, манзилӣ ва гирифтани кӯмаки иҷтимоӣ алоқаманд буд.
Дар рӯзи қабул сокини шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Бахор хонаи №6 ҳуҷраи 55 Абдуғафуров Карим барои мусоидати гирифтани сертификати истифодаи замин ва беҳтар шудани шароити манзилизисташ ба Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода изҳори сипосмандӣ намуд.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Дар маҳаллаи «Сари баландӣ» боз як кӯча мумфарш шуд.Дар маҳаллаи «Сари баландӣ»-и маркази вилоят марҳилаи охирини корҳои таъмиру мумфаршкунии кӯчаҳои маҳаллаи мазкур дар соли равон ба анҷом мерасад. Мутахассисону роҳсозони идораи «Суғдроҳ» ва идораи роҳсозии шаҳри Хуҷанд таъмири кӯчаи ба номи Мансур Акрамовро оғоз намуданд.
Барои сари вақт ва босифат анҷом додани корҳои мумфаршкунӣ сокинони маҳалла низ ҳамроҳи роҳсозон дар корҳои ободонӣ саҳм мегузоранд.
Масофаи кӯча бештар аз 250 метр буда, он ду роҳиасосии маҳалла кӯчаи ба номи Фирдавсӣ ва ба номи К. Хуҷандиро мепайвандад.
Мутахассисон ният доранд давомиду рӯз тахту ҳамвор намудан ва мумфаршкунии кӯчаро ба анҷом расонанд.

Дарси худшиносӣ дар гимназияи № 4Бо мақсади тарғиби арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ боло бурдани маърифати шаҳрдорӣ, ҳамчунин дар ниҳоди хонандагон ташаккул додани тарбияи миллӣ, хештаншиносӣ, ватанпарастӣ дар гимназияи рақами № 4 соати тарбиявӣ дар мавзӯи: “Хуҷанди шукуфон – модари шаҳрҳо” барпо гардид.
Чорабинии мазкур аз ҷониби хонандагони синфи 11-уми “Г” бо роҳбарии омӯзгори фанни забони англисии ин муассисаи таълимӣ Мақсад Қаюмова баргузор гардида, дар он бештар 100 нафар муҳассилини гимназия ширкат намуданд.
Хонандагон дар бораи таърихуфарҳанги бойи тоҷикон маълумот дода, доири зиндагиномаи шахсиятҳои таърихӣ аз қабили Кайхусрав, Искандари Мақдунӣ, Хусрави Парвиз ривоятҳо нақл намуданд.
Ҳамчунин бо иштироки хонандагони синфи 11 саҳначаҳои таърихӣ  намоиш дода шуд.

(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Роҳпаймоии ҷавонони вилоят дар шаҳри ХуҷандДар шаҳри Хуҷанд бо иштироки бештар аз 15 ҳазор донишҷӯёну устодон ва муҳассилини макотиби олӣ ва миёнаи махсуси маркази вилоят роҳпаймоӣ ва ҳамоиши ҷавонон ба ҷонибдории қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдат ва Пешвои миллат баргузор гардид.
Аз субҳи барвақт ҷавонон аз ду самти хиёбони ба номи И Сомонӣ бо шиору хитобаҳо ва акси Пешвои миллат роҳпаймоӣ намуда, ба назди муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ ҷамъ омаданд.
Ҳамроҳи ҷавонон дар ҳамоиш ҳамчунин муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода, роҳбарияти тамоми муассисаҳои таълимии олӣ ширкат намуданд.

(3 овоз, миёна 3.00 аз 5)

altМаҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як овоз дар ҳамраъйии тамоми мардуми шарифи кишвар Қонун дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдат ва Пешвои миллатро қабул кард. Ин падидаи барои миллати тоҷик фараҳбахшро тамоми қишри ҷомеа бо хурсандию шодмонӣ пазируфт. Сокинони шаҳри бостонии Хуҷанд низ аз ин башорати неку пайғоми мунаввар шоду мамнун гардиданд.
Дар бораи паҳлуҳои  гуногуни ҳаёт ва фаъолияти инсони имрӯз дар ҳақиқат барои тамоми халқу миллати тоҷик азиз, сиёсатмадори даврони навини таърихи тоҷикон, роҳбари давлати соҳибистиқлол, Президенти мамлакат ва инсони муосири аз ҷониби сиёсатмадорони баргузидаи ҷаҳон эътирофгардида, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақолае навиштан, кори хеле душвор ва пурмасъулият бошад ҳам, вале боиси ифтихору фараҳмандӣ маҳсуб мешавад.

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...