Навгонӣ

Раиси шаҳр бонувони собиқдори шаҳрро бо Рӯзи модар табрик намуд.Бо мақсади иҷроиши дастуру ҳидояти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода чанде аз шахсиятҳои маъруфи диёр, собиқадорони меҳнат, ходимони давлатию сиёсӣ, омӯзгорони собиқадор, кормандони шоистаи соҳаи тандурустӣ ва фарҳангро аёдат намуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд ба манзили ходими давлатӣ Биҳоҷал Раҳимова, Шуҷоат Ҳасанова, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Сайрам Исоева, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Ҳамроҳ Тоҳирова омада, аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба муносибати иди баҳору зебоӣ ва фархунда,-Рӯзи модар табрику муборакбод намуд.

Ба Раиси шаҳр бештар аз 50 нафар шаҳрванд муроҷиат намуд.Мувофиқи дастуру ҳидояти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд «Рӯзи қабули шаҳрвандон» доир гардид.
Давоми рӯз аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой  Аҳмадзода бештар аз 50 нафар сокинонро бо арзу шикоят ва дархостҳои мухталиф қабул намуд. Дар баробари шунидани арзи муроҷиаткунандагон Раиси шаҳри Хуҷанд барои ҳалли сари вақтии онҳо ба роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва масъулини дахлдор супориш дода, таъкид намуд, ки ҳар як муроҷиат бояд зери назорати бевоситаи муовинон-сарпарастони соҳа қарор дода шавад.
Ба Раҷаббой Аҳмадзода доири кӯмак барои сохтмони манзил 5 нафар, гирифтани замини наздиҳавлигӣ 8 нафар, расондани кӯмак барои таъмири манзили истиқоматӣ 9 нафар, гирифтани табобат ва барқарор намудани саломатӣ 2 нафар, мусоидат барои ташкили нуқтаи хизматрасонӣ ва савдо 3 нафар ва ғайра муроҷиат намуданд.

Мавсими фаввораҳои шаҳр пеш аз мӯҳлат оғоз мегардад.Дар асоси супориши Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати омодагӣ ба сазовор пешвоз гирифтани Иди Наврӯз фаввораҳои шаҳр пеш аз мӯҳлат фаъол карда мешаванд.
Шаҳрдори Хуҷанд дар ҷаласаи кории худ, ки бо иштироки масъулини мақомоти давлатӣ ва фаъолон доир гашт дастур дод, ки аз санаи 15 марти соли равон тамоми фаввораҳои шаҳр фаъол карда шаванд.
Ҳамзамон тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар ин рӯз боз як фаввораи нави замонавӣ дар мавзеи «Панҷшанбе» ба истифода дода мешавад. Ба ин муносибат баргузории чорабинии хоса пешбинӣ гаштааст, ки ширкати роҳбарияти шаҳр дар назар аст.
Чуноне, ки қаблан иттилоъ дода будем давоми мавсими сармо кормандони «Қитъаи фаввораҳо»- назди Сарраёсати ободонӣ хоҷагию манзилӣ ва коммуналии шаҳри Хуҷанд таъмиру омода намудани фаввораҳои шаҳрро ба мавсими имсола шурӯъ намуда буданд.

alt

Модарони меҳрубон, бонувони муҳтарам ва хоҳарони азиз!
Дар оғози фасли баҳор фаро расидани Рӯзи модар – ин ҷашни барои ҳамаи мо бисёр азизро ба кулли сокинони диёрамон, бахусус модарону бонувон ва духтарони Ватани маҳбубамон самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву сарбаландӣ орзу менамоям.
Нақши бонувон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳиму арзишманд мебошад.
Имрӯзҳо бонувони кишварамон баробари мардон номуси ватандориро ба дӯши худ гирифта, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ғайратмандона фаъолият доранд ва бо ташаббусҳои созандаи худ Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонида истодаанд.

Ба Раиси шаҳр аз омодагӣ ба Наврӯз ҳисобот додандСубҳи имрӯз таҳти раёсати Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи корӣ бо иштироки муовинон, роҳбари дастгоҳ мудирони шӯъба, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, муассисаҳои таълимӣ, идораҳои коммуналӣ ободонӣ кабудизоркунӣ ва фаъолони шаҳр баргузор гардид.
Дар он Раҷаббой Аҳмадзода аз масъулини шаҳрдорӣ доири омодагиҳои корхонаю ташкилот ва муассисаҳои маркази вилоят пурсиш ба амал оварда бобати вусъати корҳои ободию сабзкорӣ супоришҳои мушаххас дод.
Бо назардошти он, ки дар маркази вилоят шаҳри Хуҷанди бостонӣ бори нахуст фестивали лолаҳо ва карнавали наврӯзӣ доир мегардад, ба идораи хоҷагию манзилӣ ва муассиаҳои гулкорию кабудизоркунӣ супориш дода шуд, ки ба тарҳу ороиши махсус хиёбону гулгашт ва кӯчаҳои шаҳр бо гулу лолаҳои рангоранг оро дода шуда, биноҳои ташкилоту муассисаҳои шаҳр рангубор карда шаванд. Идораҳои кабудизоркунӣ ва ороишии гулҳо дар навбати худ барои пешниҳоду шинондани тарзу усулҳои гуногуни ороши гулҳои баҳорӣ муваззаф гардида, маҳалҳои гулкории онҳо муқаррар карда шуд.

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...