Навгонӣ

Ҷавонони Хуҷанд дар «300 Рӯзи ободонӣ» саҳм мегузоранд.Бо ибтикори Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанддар доираи Амалиёти ҷумҳуриявии ҷавонон, таҳти унвони «Ин Ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мекунем!» ва қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Оид ба эълон гаштани «300 Рӯзи ободонӣ» бахшида ба пешвози 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаҳои давлатии мактаби варзишии бачагон ва наврасони шаҳр ҳашари ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур зиёда аз 300 нафар кормандони бахш, мураббиён, варзишгарон ва ҷавонон фаъолона иштирок намуда, дар ҳудуди муасисаҳо беш аз 400 бех ниҳолҳои сояафкану ороиши шинонида шуд. Иқдоми мазкур аз ҷониби Бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд ҳар ҳафта рӯзи шанбе идома дода мешавад.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Мусобиқаи ҳарбӣ- варзишии «Ҳомиёни ҷасури Ватан»Бахшида ба Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тарбияи ахлоқӣ ва маънавии ҷавонон, тайёр намудани ҷавонон барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санҷиши донишу малакаи касбии онҳо дар ҳамкорӣ бо шӯъбаи маориф, комиссариати ҳарбӣ ва иттифоқи собиқадорони ҷанговарони интернатсионалист дар шаҳри Хуҷанд  даври ниҳоии мусобиқаи ҳарбӣ – варзишии «Ҳомиёни ҷасури Ватан» дар варзишгоҳи «Спартак» баргузор гардид. Мусобиқа аз рӯи намудхои ҳаракатҳои сафи (гузаштан аз назди трибуна) иҷро кардани амалиётҳои сафгарди ҳамаи даста, давидан ба масофаи 100 метр, ҳаво додани норинчак ба масофа кашидани вазн, варзнбардорӣ (16кг) ба қисмҳо ҷудо ва ҷамъ кардани қисмҳои автомат,тирҷойкуни ба тирдон, тирпаррони аз туфанги пневматикӣ дар масофаи 10 метр гузаронида шуд.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Мулоқоти ҷавонон дар маҳаллаҳои шаҳр.Тибқи иҷроиши дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва иҷрои қарори ҳайати мушовараи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз аз авали моҳи феврал мувофиқи ҷадвали тасдиқгардида дар кумитаи маҳаллаҳои Қорираҳмат Қурбонов, Тути калон, Темурмалик, Содирхон Ҳофиз, Сари Баландӣ, Бофанда, 1-Май, Масҷиди Савр, Ҷаббор Расулов мулоқотҳо доир ба ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии шомилшавиии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстримистию террористӣ ва ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш баргузор гардиданд.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд оилаи қурбониёни барқарор намудани сохти конститутсиониро аёдат намудБо мақсади иҷроиши дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва 23 солагии таъсисёбии Артиши Миллӣ, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода оилаҳое, ки пайвандону фарзандони онҳо барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ ё ҳангоми адоми хизмати ҳарбӣ ҳалок гаштаанд аёдат намуд.
Нахуст Раиси шаҳри Хуҷанд ба манзили истиқоматии хонаводаи Раҳматовҳо омад. Фарзанди ин хонавода Фирдавс Раҳматов ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ вафот намуда буд. Раҷаббой Аҳмадзода баробари изҳори тасаллият ва расондани кӯмаки моддӣ аз шароити феълӣ ва зиндагии ин хонавода пурсон шуд. Волидайни шодравон Фирдавс Раҳматов барои таваҷҷӯҳи доимӣ ба давлату ҳукумат ва мақомоти шаҳрдорӣ изҳори сипос намуда аз Раҷаббой Аҳмадзода барои дарёфти ҷойи корӣ сазовор ба писараш дархост намуд.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Табрикоти Раиси шаҳр бахшида ба 23-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии ТоҷикистонҲамдиёрони азиз!
Афсарону сарбозони гиромӣ!
Мӯҳтарам собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ!
Ҳамаи Шуморо ба муносибати солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол самимона табрику муборакбод намуда, орзуманди онем, ки дар Ватани азизамон ҳамеша сулҳу амонӣ пойдор ва зиндагии тинҷу осуда насиби мардуми кишвар бошад.
Воқеан 23 феврали соли 1993 дар таърихи соҳибистиқлолии кишвари азизамон бо таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ саҳифаи тозае боз гардид.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи 23 соли фаъолият рӯзҳои сахту сангинро пушти сар карда, аз озмоишҳои шадиди ин солҳо гузаштанд ва имрӯз ба нерӯи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи кишвар табдил ёфтаанд ва барои ҳифзи боэътимоди марзу буми Ватани азиз содиқона хидмат намуда истодаанд.

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...