Навгонӣ

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)


Мулоқоти судманд.Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд вохурии Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода Ғаффор, мудири шӯъбаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинашоҳ Вализода бо аъзоёни Шӯрои бибиотунҳои шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Дар оғози вохурӣ мудири Бахши оид ба корҳои дин, танзими  анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Муъминҷон Орипов доири таърихи таъсис ва ҳадафҳои ин шӯро маълумот дода, изҳор кард, ки мақсади фаъолияти шӯро пеш аз ҳама барои татбиқ ва тарғиби санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ вобаста ба баргузории чорабиниҳо, тарбияи ахлоқи занон ва духтарон дар маҳаллаҳои нигаронда шудааст.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Шоми дӯстию фарҳангӣ дар «Боғи Ирам».Ба хотири ташрифи варзишгарони кишварҳои Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазокистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия, ки дар мусобиқаи боксчиён ба хотираи Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ Исмоил Ҳамзалиев дар маркази вилоят баргузор мегардад дар фароғатгоҳи «Боғи Ирам» шоми фарҳангӣ ва дӯстӣ баргузор гардид.
Дар он Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд.
Дар баромади худ Раҷаббой Аҳмадзода кулли иштирокдорони ин мусобиқаи бонуфузро  ба Хуҷанди бостонӣ хайрамақдам гуфта, изҳори эътимод намуд,ки ба ҳам омадани варзишгарони кишварҳои гуногун барои барои боло рафтани  сатҳу сифати ин қувваозмоӣ мусоидат менамояд. Зеро ҳамасола дастгирии бевоситаи Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи варзиш меафзояд.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Ҷаласаи кории Раиси шаҳри Хуҷанд.Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо иштироки муовинон, мудирони шӯъба, раисони кумитаи маҳаллаҳо ва кормандони дастгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи корӣ доир намуд.
Дар он қайд гардид, ки моҳи август дар шаҳри Хуҷанд дар асоси ҳидояти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супоришҳои Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ чанд чорабиниҳои муҳим ба нақша гирифта шудаанд.
Аз он ҷумла таҳкими фаъолияти коргоҳи муштараки Тоҷикистону Ветнам «ВТ-силк», ки дар он асоси маҳсулоти пиллаи вилояти Суғд коркард мешавад зикр гардид.

Оғози мумфаршкунӣ бо иштироки Раиси вилояти Суғд.Иҷроиши барномаи «Соли 2014 соли роҳҳои обод» дар шаҳри Хуҷанд бо маром ва вусъати тоза идома дорад.
Субҳи имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода корҳои мумфаршкунӣ дар кӯчаи ба номи Ҷ. Зокирови маркази вилоят оғоз гардид.
Дар расми оғози мумфаршкунӣ Раиси вилояти Суғд зикр намуд, ки дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ,Ҷаноби Олӣ мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мувофиқи нақшаи дар ин асос таҳиягашта, дар шаҳри Хуҷанд бояд 116 км роҳ таъмир ва асфалтпӯш карда шавад. То имрӯз бошад 80% корҳои нақшавӣ ба анҷом расонда шуда, давоми ҳафта таъмири роҳҳои маҳаллаҳои «Чашма» собиқ микроноҳияи 34-ум,ва «Бофанда» шурӯъ мегарданд.

Мусобиқа ба хотири гиромидошти родмарди Ватан.Дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд мусобиқаи анъанавии навбатӣ оид ба бокс ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Исмоил Ҳамазалиев оғоз гардид.
Дар маросими кушодашавии он, Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ширкат намуданд.
Зимни суханронии худ Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ варзишгарон ва меҳмононро ба сарзамини бостонии Суғд хайрамақдам гуфт. Ӯ ҳамчунин афзуд, ки баргузории мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ оид ба бокс ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ Исмоил Ҳамзаалиев, ки ҳамасола дар вилояти Суғди Тоҷикистон доир мегардад, барои дӯстии мардумони минтақа нақши назаррас дорад.
Баргузории мусобиқаи анъанавии навбатиро ҳамзамон сардовари мусобиқа, чемпиони ҷаҳон оид ба бокс Валерий Рачков, бародарзодаи қаҳрамон Зокир Исроилов муборакбод гуфта, ба иштирочиёни мусобиқа сарбаландиҳо таманно намуданд.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...