17 Июл 2014
Натиҷабардорӣ аз вазъи иҷтимоию иқтисодии шаҳри Хуҷанд дар нимаи аввали соли 2014-ум бо иштироки муовини Раиси вилоят Хайрулло Амонулло, роҳбар ва дастгоҳи раис шаҳр, муовинони раиси шаҳр, сарварони мактабҳои олӣ ва миёна, роҳбарони бонкҳо ва кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳр, намояндагони ВАО доир гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаро оғоз намуд ва маълум сохт, ки дар рӯзномаи ин тадбир як масъала мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор мегирад. Ӯ суханро барои маърӯза ба муовини раиси шаҳр Маҳмадӣ Давлатов дод. Номбурда аз дастовардҳои шаҳр дар асоси таҳлили маълумотҳои таъҷилӣ, воқеӣ, андозу буҷет, молия, бахшҳои хориҷӣ ва иҷтимоӣ дар нимсолаи аввал ба ҳозирин маълумоти муфассал дод. Зикр гардид, ки дар ин давра корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 231751,7 ҳазор сомонӣ маҳсулот бароварданд.