Навгонӣ

altДар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд якчанд тағийроти кадрӣ ба амал омадааст.
Аз санаи 14  июли соли равон тибқи Амри Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода  ба вазифаи мудири Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд, тариқи озмун Каримов Мирзоқосим Мирзокаримович таин гардид.
Ҳамчунин аз санаи номбурда Мавлянова Муяссар Олимовна ба вазифаи сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо чомеа, Абдуллоев Муҳидинхон Баховаддинович  ба вазифаи сармутахассиси Шуъбаи кор бо маҳаллаҳои Дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд, таин карда шуданд.
Дар интиҳои ҳафтаи гузашта бошад, Набиҷон Иброҳимзода дар вазифаи директори Шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд ва Исоев Порсо Садриддинович дар вазифаи Сардори корхонаи фурӯши барқи шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд ба фаъолият оғоз намуданд.

(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шаҳри Хучанд аз кӯчаи ба номи Р. Ҳоҷиев дидан намуд.Имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳамроҳии муовинони худ Иброҳим Иброҳимов, Маҳмадӣ Давлатов ва роҳбарони якчанд сохтору идораҳои дахлдори ободонӣ, манзилию коммуналӣ, таъминоти об аз вазъи ободонӣ гулкорӣ ва чароғонкунии маҳаллаи «Суғдиён» (собиқ маҳаллаи 19 ва 18-ум) дидан намуд. Дар кӯчаи ба номи Рифъат Ҳоҷиев якчанд марказҳои савдо хизматрасонӣ ва дилхушкунӣ ҷойгиранд.
Раиси шаҳри Хуҷанд ба идораҳои дахлдор бобати беҳтар намудани вазъи кӯча,хусусан тозагию ободонӣ дастур дода,таъкид намуд,ки кормандони идораи хоҷагию коммуналӣ бояд ҳамарӯза бо сокинони маҳалла бобати тозаю обод нигоҳ доштани кӯчаю маҳалла ҳамкорӣ намуда, тариқи ҳашар тоза намудани маҳаллаҳои худро ба сокинон маҳаллаи мазкур тарғиб намоянд.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Қабули навбатии сокинон аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд.Дар қабули шаҳрвандон, ки имрӯз низ чун анъана аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид, муовинони Раиси шаҳри Хуҷанд роҳбарони воҳидҳои сохторӣ масъулини ташкилоту муассисаҳои гуногун иштирок намуданд. Шаҳрвандони синну соли гуногун ба Раиси шаҳри Хуҷанд доири таъмини қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва масолеҳи сохтмонӣ, ҷойгир намудан дар хобгоҳ ва кӯмак барои манзили истиқоматии муваққатӣ, бозбинии музди нафақа, кӯмак барои гузаштан аз муоинаи тиббӣ ва ташхис ва ғайра муроҷиат намуданд.
Раҷаббой Аҳмадзода  баробари ҷавобҳои мушаххас додан ба саволҳои сокинон ба роҳбарони воҳидҳои сохтори Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд супориш дод,ки назоратро бобати сари вақт иҷро намудани дархост ва аризаи муроҷиаткунандагон пурзӯр намоянд.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Дар номгузории  марказҳои савдо забони давлатӣ риоя мегардад.Маҷлиси навбатии комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Маҷлисро Раиси комиссияи мазкур, муовини раиси шаҳр Умеда Муродова ҳусни оғоз бахшида, изҳор дошт, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 5-уми октябри соли 2009 таҳти № 553 ба тасвиб расидааст, санади муҳими меъёрии ҳуқуқӣ ба шумор рафта, таъмини иҷрои он аз ҳар шаҳрванд ва сокини Тоҷикистон талаб карда мешавад. Забони давлатии мо, ки забони тоҷикист, аз забонҳои бою ғанӣ маҳсуб меёбад. Онро поку беолоиш нигоҳ доштан ва ба ояндагон бе қилу қол расонидан, аз ҳар яки мо, ҳуввияти миллӣ ва ватандӯстиро тақозо мекунад.

Раиси шаҳри Хуҷанд дар оғози фаъолияти маркази савдои «Ризвон».Имрӯз бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода маркази савдои фурӯши либосҳои мардона «Ризвон» бо тантана ба фаъолият оғоз намуд.
Қаблан бинои мазкур, ки масоҳати 400 метри квадратиро ташкил медиҳад таи 18 соли охир истифода намешуд.
Ҳоло ба дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд соҳибкори инфиродӣ Ғолибҷон Исломов маркази савдои замонавиии «Ризвон»-ро бо 10 ҷойи корӣ таъсис дод.
Барои омода ва мутобиқ намудани бинои мазкур ба маркази савдои замонавӣ соҳибкори номбурда зиёда аз 800 ҳазор сомонӣ маблағ сарф намуда, тамоми намуди либосҳои мардона ва кӯдакона барои мизоҷон пешниҳод карда намудааст.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар мавриди таъсиси коргоҳи дӯзандагии либосҳои мардона дар назди мағоза ба саҳмдорони маркази савдо пешниҳод намуд.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...