Навгонӣ

(5 овоз, миёна 5.00 аз 5)

alt

Дӯстони азиз!
Ҳамасола 8 июл дар саросари кишварамон ҳамчун Рӯзи маъюбон қайд карда мешавад. Таҷлили ин сана далели эътибори махсуси Ҳукумати мамлакат ва Ҷаноби Олӣ, Президенти кишварамон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати инсонҳоест, ки бо амри тақдир маъюбанд, вале тавассути иродаи матину мустаҳкамашон побанди тақдир нестанд, балки тақдирсозанд, рӯҳафтода намешаванд ва ҳамеша сарбаланданд. Мо ҳамеша шукронаи Истиқлолият, Ваҳдат мекунем, ки мардуми хушиқболу некбахти кишварамон дар фазои орому осуда зиндагӣ карда, бо меҳнати созандаю бунёдкорона сӯи ояндаи дурахшон қадамҳои устувор гузошта истодаанд.
Маъюбони шаҳри Хуҷанд бо дастгирии моддию маънавӣ фаро гирифта шуда, ҳамеша таҳти назари мақомоти иҷроияи шаҳр қарор доранд.

(3 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шаҳр нархи маҳсулот ва фаъолияти бозорҳоро санҷиш намуд.Тибқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои поён бурдани нархи маҳсулоти ниёзи аввал аз қабили гӯшт, равған, биринҷ ва ғайра дар бозорҳо, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода комиссияи махсуси кориро бобати андешидани чораҳои фаврӣ ва судманд барои пешигирӣ намудани болоравии сунъии нарҳо барои ин маҳсулот, таъсис додаст.
Бо мақсади ошноӣ пайдо намудан аз нархи маҳсулоти хӯрока ва натиҷагирӣ аз фаъолитяи кори комиссияи номбурда нимаи дуюми рӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз бозорҳои дар мавзеи «Панҷшанбе» ва маҳаллаи 34-ум ҷойгиршуда боздиди корӣ ба амал овард.
Роҳбарони бозорҳои номбурда ба Раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, ки онҳо барои танзими нархи гӯшт, равған биринҷ, картошка, орду маҳсулоти ордӣ ҳамарӯза чораҳои самарабахш менандешанд.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Ҷаласаи фаврии Раиси шаҳри Хуҷанд.Мувофиқи дастуру супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бобати танзими нархи маҳсулоти ниёзи аввала, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи фаврии кормандони масъули дастгоҳи раиси шаҳрро доир намуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд ба муовини Раиси шаҳр Маҳмадӣ Давлатов супориш дод, то вазъи нархи маҳсулоти хӯрока аз қабили гӯшт, орд, биринҷ, равған ва ғайраро дар тамоми бозорҳо ва мағозаҳои марказии шаҳр зери назорати қатъӣ гирифта шавад. Супориш дода шуд, ки бо мақсади поён бурдани нархи маҳсулот дар моҳи рамазон ҳар ҳафта, ташкил намудани ярмаркаи фурӯши маҳсулоти ниёзи аввала, мусоидат барои воридоти онҳо ба бозорҳо ва фурӯши тамоми маҳсулоти ниёзи аввала бо тахфифи то 15% нисбат ба нархҳои ҳамарӯза ба роҳ монда шавад. Доири тахфиф бошад роҳбарияти бозорҳо вазифадор карда мешаванд, ки сари вақт тавассути баландгӯякҳо харидоронро огоҳ намоянд.

(3 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Мумфаршкунии кӯчаи ба номи М. Аминзода тариқи ҳашар.Дар шаҳри Хуҷанд ҳамрӯза кӯчаю тангкӯчаҳо бо ҳамдастии сокинони маҳал ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мумфаршкунӣ ба мааром ва вусъати тозаи ҳамарӯза идома дорад.
Имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд дар ифтитоҳи корҳои ободонӣ ва мумфаршкунии кӯчаи ба номи Муҳиддин Аминзодаи маркази вилоят иштирок намуд. Роҳи кӯчаи мазкур наздик як километрро ташкил дода паҳноии он 5 метрро ташкил медиҳад.
Роҳсозони идораи «Суғдроҳ» ният доранд, давоми се рӯз корҳои мумфаршкунии ин кӯчаро пурра ба анҷом расонанд.
Кӯчаи мазкур таи 20 соли охир таъмирталаб буда, зарурати таъмири пурраи он ба миён омада буд.

(2 овоз, миёна 4.00 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд омодагии марказхои тестиро аз санҷиш гузаронд.Пагоҳ дар тамоми марказҳои тести Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули санҷишҳои дохилшавӣ оғоз меёбанд. Дар шаҳри Хуҷанд дар мактабҳои № 4,№5, № 19 ва № 24 мувофиқи қарори Маркази миллии тестӣ  барои супоридани санчишҳои тестии довталабон омода карда шудааст.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Ахмадзода бо мақсади ошноӣ пайдо намудан аз сатҳи омодагӣ ба муассисаҳои таълимии номбурда ташриф овард.
Дар мактабҳои мазкур 30-32 синфхонаҳо барои довталабон бо 15 ҷой дар ҳар кадом аз синфхонаҳо имконият фароҳам оварда шудаанд. Дар ҳар кадом аз марказҳо бошад наздики дар синфхонаю долон 40 камераи мушоҳидавӣ ва барои назорати хоҳишмандону волидайн ва таъмини шаффофияти рафти санҷиш, мониторхои махсус насб карда шудаанд.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...