Навгонӣ

(3 овоз, миёна 4.00 аз 5)

Маҷлиси машваратии омӯзгорон бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд.Маҷлиси машваратии кормандони соҳаи маориф ин навбат ба мавзӯи «Зарурат ва таҳияи ташкили мониторинг ва шаклҳои он дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ» баргузор гардид. Дар он Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд.
Дар оғоз Раиси шаҳри Хуҷанд натиҷаҳои кори омӯзгорон дар маҳфилҳои методии фаннӣ ва маҳсули кори омӯзгорон ва толибилмони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд дидан намуд.
Бадан доири мазӯи номбурда дар оғоз мудири Шӯъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Саидмухтор Ҷалолов баромад намуда, таъкид намуд, ки роҳандозии низоми мониторингӣ пеш аз хама ба сатҳу сифати таълим таъсири мусбӣ расонда, барои баланд гаштани тахассуси омӯзгорон, такмили раванди тадрис заминаи устувор мегузорад.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд ҷаласаи фаъолони шаҳри Хуҷандро доир намуд.Имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар асоси дастуру супоришҳои аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳангоми сафари кории худ дар вилояти Суғд дода шуда буд, ҷаласаи корӣ бо иштироки муовинони Раиси шаҳр,роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, қудратӣ, ходимони дин, идораҳои дахдори хоҷагию манзил,саноат ва дигар фаъолони шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Дар он Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода доири  пешгирӣ  намудани омилхои номатлуб аз қабили шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳаракатҳои ифротгароӣ, паст бурдани сатҳи ҷинояткорӣ, фаъолияти масоҷид дар заминаҳои ҳуқуқи ва дар маҷмӯъ бобати тахкими субботу амнияти кишвар суханронӣ намуд.

(4 овоз, миёна 4.00 аз 5)

Мулоқоти кории Раиси шаҳри Хуҷанд.Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам аз шароити кору фаъолияти Бахши кор бо ҷавонон варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд ошно гардид. Ӯ аз ҳуҷраи корӣ имкониятҳои кормандони бахш дидан намуда, изҳори қаноатмандӣ намуд.
Дар ҳамин замина мулоқоти самимии Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам  баргузор гардид. Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд чандин барномаҳои иҷро гардида, аз буҷаи маҳаллӣ маблағгузорӣ  мегардад.   Дар маркази вилоят зиёда аз 200 иншоотҳои варзишӣ амал менамоянд. Дар баробари ин танҳо соли равон ба истифода додани ду толори варзишӣ, 20 майдончаҳои варзишӣ тасдиқи тамоюли зиёдшавии миқдори ин иншоотҳои солимгардонӣ маҳсуб меёбанд.

Иштирок дар чорабини идонаи «Сайри харбуза», «Иди асал» ва намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар майдони назди муҷассамаи Камоли Хуҷандӣ дар ш. Хуҷанд.Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар чорабинии идонаи «Сайри харбуза», «Иди асал» ва намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба шаҳри Хуҷанд омад.
Чорабинии идонаи «Сайри харбуза», «Иди асал» ва намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар майдони назди муҷассамаи Камоли Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Дар ин майдони фарох дар масофаи қариб як километри кӯчаи марказии шаҳри Хуҷанд кишоварзони зарофар аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд анвои гуногуни харбуза, маҳсулоти замбӯри асал ва меваю сабзавоти шаҳдбори худро ба маъраз гузоштанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар даромадгоҳи намоишгоҳ бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд.
Дар намоиш-фурӯш маҳсулоти ҳамаи соҳаҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳо, Иттифоқи матлубот ва Иттиҳодияи «Хӯрокворӣ»-и вилоят ва соҳибкорони шаҳри Хуҷанд иштирок доштанд.

Ба кор даровардани Маркази таълимӣ-истеҳсолии адрасбофию атласбофии дастӣ дар корхонаи муштараки коркарди пиллаи Тоҷикистону Ветнам «ТВ-Силк».Дар ҳудуди корхонаи муштараки коркарди пиллаи Тоҷикистону Ветнам «ТВ-Силк» бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи нави адрасбофию атласбофии дастӣ, ки маҳсулоташ дар бозори ҷаҳонӣ харидорони бешумор дорад, ба кор дароварда шуд.
Ин тадбири муҳим дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои қаблии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир ба эҳё намудани истеҳсолоти хонагии занону духтарон, ҳунарҳои милии  дастӣ, бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон, кам намудани сафи занони муҳоҷир, дарёфти корҳои баландмузд барои занони ҳунарманду хонашин амалӣ шуда, боиси шодию  нишоти шавқмандони ин соҳа гардидааст.
Роҳандозии ин кори манфиатбахш чун иқдоми шоистаи навбатӣ пас аз ташкили қолинбофии дастӣ ва гулдӯзию зардӯзӣ аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд гирифт.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...