Навгонӣ

Шиносоии Раиси шаҳри Хуҷанд аз хатти нави технологӣ.Чандест, ки дар шаҳри Хуҷанд ва берун аз он маҳсулоти гӯштии ширкати «Файзи Расул» байни харидорон маҳбубият пайдо намудааст. Ҳоло коргоҳ ният дорад бахшида ҷашни 20 солагии қабули сарқонуни кишвар ҳаҷми истеҳсоли худро зиёд намуда, барои харидорон намудҳои нави маҳсулоти хешро пешкаш созад. Бо ин  мақсад коргоҳ таҷҳизоти нави коркард ва истеҳсоли маҳсулои гӯштиро харидорӣ намуда, корҳои васлу танзимро ба анҷом мерасонад. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз фаъолияти коргоҳи мазкур дидан намуд бо корҳои васлу танзими хатти нави истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ ошно гардид.
Роҳбарияту мутахаасисони ширкати номбурда ба Раиси шаҳри Хуҷанд доири таҷҳизоти нав ва иқтидору имконияти он маълумот дода зикр намуданд, ки ҳоло коргоҳ 28 намуди маҳсулоти гӯштиро ба харидорон пешкаш намуда, айни замон омодаи ба кор даровардани боз як хатти нави истеҳсоли ҳасибчаҳо тибқи стандартҳои аврупоӣ ҳастанд.

Раиси шаҳри Хуҷанд аз сохтмони сехи нави коркарди шир дидан намуд.Имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд аз чанд иншотҳои сохташаванда ва коргоҳҳои нави истеҳсолии маркази вилоят, ки ҳаҷми маҳсулоти хешро зиёд намудани ҳастанд дидан намуд.
Сараввал Раиси шаҳри Хуҷанд аз корҳои сохтмонии коргоҳи нави коркарди шир ва истеҳсоли маҳсулоти ширии «Порсои Хуҷанд», ки маҳсулоти худро бо тамғаи «Файзи Расул» истеҳсол намудани аст, ошно гардид.
Коргоҳи мазкур ният дорад маҳсулоти шири ноҳияи Шаҳристон, Мастчоҳ ва нохияи Б. Ғафуровро коркард намуда, зиёда аз 10 намуд маводи шириро манзури харидоорон намоянд. Бо ин мақсад ҳоло бунёди сехи нав барои васлу танзими се хатти нави истеҳсолӣ бо истифодаи таҷҳизоти кишварҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Федератсияи Россия идома дорад.

Дар шаҳри Хуҷанд озмуни атлас ва адрас баргузор мегардад.

Бо мақсади эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ ва меҳнати хонагии занон, тарғиби сару либос аз матои табиӣ, бо истифодаи услубҳои миллии дӯзандагӣ, ривоҷу равнақ бахшидани истеҳсоли матои атлас ва адраси дастибоф, татбиқи сиёсати давлат дар ҷодаи дастгирии занону духтарон, ба муносибати 20-солагии Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Хуҷанд санаи 26 сентябри соли равон озмуни шаҳрии «Адрас ва атласи Хуҷанд-2014» баргузор мегардад.
Дар ин бора қарори дахлдорро Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба имзо расонд.
Тибқи қарор Низомнома, ҳайати кумитаи тадорукот, нақшаи чорабиниҳои озмун ва чорабинӣ тасдиқ карда шуда, Шӯъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр, иқтисод ва савдо, маориф, бахшҳои кор бо занон ва оила, сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, энергетика ва саноат, фарҳанг, ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, якҷоя бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияҳои эҷодӣ вазифадор карда шуданд, ки силсилаи чорабиниҳоро ташкил намуда, барои тарғибу ташвиқи беҳтарин анъанаҳои либоси миллӣ, замонавӣ ва пурмазмун гузаронидани чорабиниҳои шаҳрии Иди «Атлас ва адраси Хуҷанд-2014» тадбирҳои мушаххас андешанд.

altУстодону омӯзгорони муҳтарам!
Хонандагону донишҷӯёни азиз!
Ҳар сол дар оғози Соли нави таҳсил дар кишвари азизамон Рӯзи дониш чун нишони саъю кӯшиши ҷомеа дар бузургдошти илму дониш, маърифату маънавиёт ботантана таҷлил мегардад.
Бо талошҳои пайвастаи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол илму дониш дар байни мардум чун маънии ҳастӣ ва ҳидоятгари зиндагӣ ба арзишҳои баланд соҳиб мегардад. Эътибори давлату Ҳукумат ба рушди илму фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа ба пешрафти соҳаҳои илму маориф, таълиму тарбия ва тайёр намудани мутахассисони соҳиби донишу малакаҳои баланди касбӣ мусоидат намудааст.
Ҷаҳониён мардуми моро, пеш аз ҳама, бо китобу қаламашон мешиносанд.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд аз корҳои сохтмонии бинои сарҳадбонон дидан намуд.Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти сохтмони бинои нави Раёсати минтақавии Суғдии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дидан намуд.
Роҳбарияти ширкати сохтмонии «Аъзам-Ю» ба Раиси шаҳри Хуҷанд аз рафти сохтмон маълумот дода, изҳор намуданд.ки  рафти сохтмон тибқи нақша ва ҷадвали пешбинишуда рафта истодааст. Ҳоло дар корҳои сохтмонӣ наздик 50 нафар сохтмончиён ҷалб гардида, қисмати асосӣ-таҳкурӣ ва ошёнаи якуми бино қомат афрохтааст.
Раҷаббой Аҳмадзода хангоми ошноӣ бо корҳои бунёди иншоот ба сарварони ширкати сохтмонӣ супориш дод, то суръати корҳои сохтмониро зиёд намуда, миқдори бештари  кормандонро ба сохтмон ҷалб намоянд.
Лозим ба ёдоварист,ки маблағи умумии корҳои сохтмонӣ 4 миллиону 800 ҳазор сомониро ташкил дода, фармоишгар Идораи сохтмони асосии шаҳри Хучанд аст.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...