Навгонӣ

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Тарабхонаи хуштарҳи «Тоҷикистон»  ба фаъолият шурӯъ намуд.Бо ташаббуси соҳибкори инфиродӣ Тоҳир Ҷумъаев ва дастгирии Мақомати иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд  тарабхонаи хуштарҳу замонавии «Тоҷикистон» ба фаъолият оғоз намуд. Ҳамчунин соҳибкор баробари ба фаъолият шурӯъ намудани ин тарабхона, маросими хатнатӯи 20 нафар фарзандони оилаҳои камбизоатро баргузор намуд.
Дар чорабинии мазкур Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуда, барои ин кори хайр ва иқдоми нек ба соҳибкор изҳори сипосмандӣ намуд.
«Имрӯз натиҷаи сиёсати Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди рушди соҳибкорӣ ва дастгирии он, ба фаъолият шурӯъ намудани ин гуна иншоотҳои замонавию хуштарҳи  хизматрасонӣ аст.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Ҷаласаи кории Раиси шаҳри ХуҷандРаиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода субҳи имрӯз бо иштироки муовинони худ, мудирони шӯъба, роҳбарони воҳидҳои сохтории шаҳри Хуҷанд ҷаласаи корӣ доир намуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд сараввал аз масъулини соҳаи сохтмону меъморӣ,кумитаи заминсозӣ, сохтмони асосӣ, назорати корҳои сохтмонӣ пурсиш ба амал оварда, барои риояи қатъии талаботи корҳои сохтмонӣ аз ҷумла техникаи бехатарӣ,барқӣ, ҳифзи меҳнат, санитарӣ дастуру супориш дод. Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд вазифадор гардид,ки лоиҳаи қарори дахлдорро бобати таъсис додани комиссяи салоҳиятнок дар ҳайати мутасаддиёни сохторҳои заминсозӣ,сохтмону меъморӣ,назорати корҳои сохтмонӣ.корҳои дохилӣ, идораи барқ ва фурӯши он, бахши кор бо маҳаллаҳо омода намояд.

Таҷлили Рӯзи забони тоҷикӣ дар маркази вилояти СуғдДар шаҳри Хуҷанди бостон  таҷлили бошукӯҳи Рӯзи забони тоҷикӣ баргузор гардид.
Дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд» дар ҳузури наздик 5 ҳазор нафар сокинон, ва  меҳмонон, шахсони барӯманди диёр, шаҳрвандони фахрӣ барномаи адабӣ консертӣ баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси бахши  Иттифоқи Нависандагон  Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод сухани шодбошӣ гуфтанд.
Зимни суханронии худ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода доири арзиши ин сана сухан гуфт.
«Забони тоҷикӣ ҳамчун омили муҳими пойдории миллат ва давлатдории миллӣ аз ҷониби давлат ҳимоя ва нигаҳдорӣ мешавад.

Раиси шахр намозгузоронро табрик намуд.Аз субҳи барвакт мусалмонони кишвар дар масҷидҳои ҷомеъ ҷамъ омада яке аз фарзҳои диниро ба ҷо оварданд. Дар масҷиди ҷомеаи марказии шаҳри Хуҷанд- Шайх Маслаҳаддин низ сокинону меҳмонони маркази вилоят намози Иди Қурбонро хонданд.
Дар намози ҷамоат муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода  низ иширок намуданд.
Анвар Яқубӣ табрикоти Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро ба самъи ҳозирон расонд ва дар шахсияти онҳо кулли эътиқодмандонро бо иди саид табрик гуфт.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода баробари суханҳои табрикӣ бахшида ба ин иди хайру саховат ва меҳрубонӣ таъкид дошт,ки «Хайрхоҳу дастгири бенавоёну бечорагон будан беҳтарин фазилати инсони комил аст ва ҳамин фазилат ифодагари асли моҳияти Иди Қурбон мебошад,

Ду ҳазору дусад нафар сокини шаҳри Хуҷанд аёдат карда шуданд.Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дастури Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ аёдату хабаргирӣ ва расондани  дастгирии моддии идона дар арафаи идхои миллӣ ва динӣ ба ҳукми анъана даромадааст.
Шурӯъ аз оғози ҳафтаи равон Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба манзили чанде аз сокинони барӯманди  шаҳри Хуҷанд, ки собиқаи зиёди корӣ доранд ё аъзои оилаи ниёзманд маҳсуб мешаванд,рафта баробари суханҳои шодбошӣ гуфтан кӯмаки яквақтаи моддӣ дастрас намуд.
Собиқадорони меҳнат Людмила Сафронова  ва Тоҳир Саидов алҳол дар нафақа буда, дар баробари он маҷрӯҳи гурӯҳи якум ҳастанд. Парастории онҳоро фарзандонашон ба зимма дошта, онҳо бештар ба доруворӣ ва назорати табибон ниёз доранд. Раиси шаҳри Хуҷанд ба масъулин супориш дод, ки нисбати таъмини доруворӣ ва муолиҷа набояд онҳо мушкилот дошта бошанд.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...