Навгонӣ

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд аз сифати таълими кӯдакони иллати шунавоӣ ва нутқ дошта ошно шуд.Имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо вазъи таълиму тарбия ва шароити хонандагони мактаб-парваришгоҳи махсуси ёрирасони шаҳри Хуҷанд ба ин муасисаи таълимӣ омад.
Соли равон як гурӯҳ волидайне,ки фарзандонашон нуқсони шунавоӣ ва нутқ доранд ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо дархости ташкили синфҳои махсуси таълими барои чунин  кӯдакон муроҷиат намуда буданд. Зеро дар шаҳри Хуҷанд  барои таълими кӯдакони нуқсон дошта шароит мавҷуд набуд.
Бо назардошти ин дархост дар мактаб-парваришгоҳи ёрирасони маркази вилоят дар ду синфи махсуси таълимӣ бо тамоми шароитҳои мавҷуда ташкил карда шуда, 19 нафар кӯдакони синни мактабӣ,ки иллати шунавоӣ ва нутқ доранд имконияти мактабравиро пайдо намуданд. Ба онҳо 2 нафар омӯзгор ва як нафар нуқсоншинос таълим медиҳанд.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Ҷаласаи корӣ бо иштироки фаъолони шаҳр.Баъди интиҳои иҷлосияи навбатӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо иштироки муовинони Раиси шаҳри Хуҷанд вакилони мачлиси шаҳрӣ,роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раисони куитаҳои маҳалла ва дигар фаъолон ҷаласаи корӣ доир намуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд  муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Иброҳим  Иброҳимовро муваззаф намуд, ки доири саривақт ва бо сифат таъмин намудани даъвати ҷавонон ба сафи Артиши Миллӣ, омодагии муассисаҳои иҷтимоӣ, хоҷагию коммуналӣ, роҳсозӣ, омода намудани маводи зидди лағжиш барои бехатарии роҳҳо дар сармо, таъмини муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, беморхонаҳо, таваллудхонаҳо бо барқи доимӣ, нақшаи корӣ таҳия намуда,иҷроиши онро дар мӯхлатҳои муқарраргардида таъмин намояд.

Рамз ва Рӯзи шаҳри Хуҷанд қабул шуд.Бисёр шаҳрҳои машҳури олам рамзи худро доранд, ки онҳо ба ҳайси шиноснома пазируфта шуда, таърих ва ё хусусисяти нодири макон ва сокинонашро инъикос месозанд. Тамоми халқҳо ва миллатҳо бо зодгоҳ ва Ватани худ меболанд. Барои муаррифӣ кардани бузургии диёри хеш муҳимтарин саҳифаҳои шӯҳратёри гузашта ва дастовардҳои афроди маъруфи хешро ба унвони Рамзи шаҳри худ интихоб мекунанд. Шаҳрдории Хуҷанд низ тасмим гирифта буд, барои ин маскани бостонӣ яке аз гаҳвораҳои тамаддуни тоҷик нишонаи рамзӣ интихоб намоянд. Доир ин масала Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 15 ноябри соли 2013, № 690 «Дар бораи озмуни лоиҳаи «Нишони шаҳри Хуҷанд» ва муқаррар намудани «Рӯзи шаҳр» бобати гузаронидани озмуни лоиҳаи беҳтарини Рамзи шаҳри Хуҷанд ба тавсиб расид. Дар шаҳри Хуҷанд байни мусаввирон ва донишмандони таърих озмуни «Рамзи шаҳри Хуҷанд» эълон карда шуд.

Номи чанд кӯчаю иншоотҳо иваз шуданд. Бо мақсади пос доштану абадӣ гардонидани номи шахсони барӯманди диёр ва эҳтироми анъанаҳои ниёгонамон, Комиссияи номгузорӣ ва ивази номи иншоотҳои таърихию ҷуғрофӣ назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба Маҷлиси навбатии вакилони халқи шаҳри Хуҷанд тасдиқи лоиҳаи қарорҳои дахлдорро барои иваз намудани ном ва номгузорӣ намудани чанд тангкӯча, кӯча ва корхонаю муассисаҳоро пешниҳод намуд.
Дар ҳамин асос минбаъд тангкӯчаи Саховати кӯчаи Ҷӯра Зокиров ба номи Тоҷибоев Наҷмиддин гузошта шуда, дар тангкӯчаи номбурда лавҳаи ёдгорӣ гузошта шавад.
Ба хотири собиқ директори корхонаи воҳиди давлатии «Садаф» Мақсудов Лутфулло дар коргоҳи мазкур лавҳаи фахрӣ гузошта мешавад.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Вакилони шахри Хучанд ичлосияи навбатии худро гузарониданд.Иҷлосияи 18-уми даъвати чаҳоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Кори иҷлосияро Раиси Маҷлиси вакилони халқ , Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода оғоз намуда, иттилоъ дод,ки дар кори ҷаласа аз 40 нафар вакилон 35 нафар иштирок доранд. Тибқи муқаррароти пешбиншуда бо садо додани Суруди милли Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияи 18-ум, даъвати 4-ми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд ба кори худ шурӯъ намуд.
Баъди интихоби ҳайати котибот вакилон рӯзномаи кории маҷлисро иборат аз 6 масала тасдиқ намуданд.
Аз рӯи масалаи якум дар бораи рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2005 №422 « Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-20015» дар шаҳр муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Маҳмадӣ Давлатов баромад намуд.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...