Навгонӣ

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Муроҷиати сокинон ба Раиси шаҳри Хуҷанд.Тибқи нақшаи пешакӣ тасдиқ гардида, имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода зиёда аз 40 нафар сокинонро қабул намуд. Аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд дархосту арзи ҳар кадом аз муроҷиаткунандагон шунида шуда, барои сари вакт баррасӣ ва ҳалли онҳо ба роҳбарони воҳидҳои сохторӣ супоришҳои мушаххас дода шуд. Сокинони маркази вилоят асосан дар масалаи ба навбат гирифтани онҳо чун эҳтиёҷманди беҳтар намудани шароити манзил, ҷудо намудани ҳуҷраи истиқоматӣ дар хобгоҳ,расондани кӯмаки моддӣ ва масолеҳи сохтмонӣ ба Раҷаббой Аҳмадзода муроҷиат намуданд.
Ҳамчунин меъмор ҳайкалтарош Сайидалӣ Шералиев барои фароҳам овардани шароити ташкили маҳфили кулолгарӣ ва варзишӣ барои ҷавонону наврасон аз Раиси шаҳр дархост намуд. Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти сохторҳои дахлдор барои дастгирӣ намуданиин пешниҳод дастуру супориш дод.

(3 овоз, миёна 4.67 аз 5)

Натиҷаҳои нӯҳмоҳа ҷамбаст гардиданд.

Маҷлиси фаъолони шаҳри Хуҷанд дар толори маҷлиси Кохи фарҳанги шаҳри Хуҷанд доир гардид.
Маҷлиси фаъолонро Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода оғоз намуд ва арз кард, ки дар маҷлис муовини Раиси вилояти Суғд Хайрулло Амонулло, муовинони раиси шаҳр, мудирони шуъбаҳо, сарварони мактабҳои олӣ ва миёна, раисони кумитаи маҳаллаҳо ва дигар фаъолони шаҳр ҳузур доранд. Масъалаи Маҷлис-натиҷабардорӣ аз фаъолияти нӯҳмоҳаи хоҷагии халқ дар самти иҷтимоиёт ва иқтисодиёти шаҳр аст. Дар ин хусус муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Иброҳим Иброҳимов маърӯза намуда, арз намуд, ки оид ба вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ дар моҳҳои январ-сентябри соли 2014 нашрияи «Тирози ҷаҳон» омори аниқу муфассалро ба интишор додааст. Сарфи назар аз ин маълумот бояд бигӯям, ки - гуфт Иброҳим Иброҳимов сокинони шаҳри Хуҷанд дар соли ҷашнҳои 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, 20-солагии Сарқонуни кишвар, 20-солагии Суруди миллӣ, Соли роҳҳи обод ва соли гулкориву ободонӣ бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи кишвар ба даҳҳо дастовард ноил гардиданд.

Рӯзи аъмоёнро дар шаҳри Хуҷанд қайд намуданд.

Имрӯз дар тамоми ҷаҳон бо унвони «Асои сафед» чун рӯзи таваҷҷӯҳ ва меҳр ба аъмоён маҳсуб меёбад.
Имрӯз дар корхонаи маркази хуҷандии иҷтимоии-эҳёкунии Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон таҷлили 65 солагии таъсисёбии коргоҳи мазкур ва Рӯзи аъмоён қайд карда шуд.
Сардори ҷамъияти аъмоёни шаҳри Хуҷанд Абдусаттор Ҷалилов маҷлисро ифтитоҳ бахшид.
Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Маъруф Алибоев номаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро барои ҳозирон қироат намуд.
Дар навбати худ мудири Шӯъбаи саноат ва энергэтикаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Абдураҳим Солиев меҳрномаи Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба ҳозирини ин ҳамоиш расонда, ҳамчунин қайд намуд,

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Сафири Ҷумҳури Белорус бо Раиси шаҳри Хуҷанд мулоқот намуд.

Имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олга Гаврукро, ки дар вилояти Суғд сафари корӣ дорад, ба ҳузур пазируфт.
Раҷаббой Аҳмадзода аз вусъатёбии ҳамкории соҳибкорон ва ширкатҳои гуногуни шаҳри Хуҷанд бо ҳамтоёни худ аз Ҷумҳурии Белорус изҳори қаноатмандӣ намуд.
Гардиши молу маҳсулот корхонаю муассисаҳои шаҳри Хуҷанд соли гузашта 15,5 миллион доллари ИМА ташкил дод, ки он 4,3 фоизи аз ҳаҷми умумии гардиши моли хориҷиро ташкил медиҳад.
Асосан аз кишвари Белорус ба шаҳри Хуҷанд қанду шакар, доруворӣ, маводи истеҳсоли мебел ва худи мебел, воситаҳои нақлиёт, ҳамчунин маҳсулоти қолинӣ ва атриёт ворид мешавад.
Ба ин кишвар бошад аз маркази вилоят ба Ҷумҳурии Белорус шаклу намудҳои гуногуни мева, ресмон ва маводи ҳунарҳои мардумӣ содир мешаванд.

Раиси шаҳри Хуҷанд барои аъмоён даҳ ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо намуд.

Ҳамсола санаи 15 октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун Рӯзи аъмоён қайд карда мешавад. Дар баробари дар ин сана 65 солагии таъсисёбии маркази хуҷандии иҷтимоии-эҳёкунии Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон низ таҷлил карда мегардад.
Бо мақсади дастгирии иҷтимоӣ  аъмоён  қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода № 610 аз санаи 14 октябр ба имзо расид, ки мувофиқи он ба 200 нафар ин гуна  шахсон  50 сомонӣ кӯмакпулии яквақта дода мешавад.
Дар баробари ин санаи 15 октябр соати 11.00 дар коргоҳи ҷамъияти номбурда чорабинии махсус бо иштироки аъмоён ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хучанд баргузор мегардад.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...