Навгонӣ

(2 овоз, миёна 3.50 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд бо Валерей Бондаренко мулоқот намуд.Субҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд консули генералии Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд Валерий Бондаренкоро қабул намуд. Мавсуф чанде пеш тибқи фармони Вазири корҳои хориҷаи Русия ба ин вазифа таъин гардид. Ӯ дар ин мақом ҳамкасби хеш Александр Копнинро иваз намуда буд.
Раиси шаҳр дар оғози сӯхбат Валерий Бондаренкоро дар ин симматаш табрик намуд.
Валерий Бондаренко изҳор дошт, ки дар вазифаи худ мекӯшад барои рушду ривоҷи самтҳои мухталифи соҳаҳои шаҳри Хуҷанд дар заминаи ҳамкории маркази вилоят бо минтақаҳои Федератсияи Россия мусоидат намояд.
Раҷаббой Аҳмадзода оид ба нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳр маълумот дода, захираю имкониятҳои мавҷудаи шаҳри Хуҷандро дар самти саноати сабук, коркарди мева, табодули таҷрибаи соҳибкорон, зикр дошт.

(2 овоз, миёна 4.50 аз 5)

Таъмири куллии кӯчаи ба номи М. Танбӯрӣ.Мувофиқи супориши Раиси вилдояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода, бо истифодаи аз ҳавои мусоид таъмири роҳҳои шаҳр идома дорад. Дар кӯчаи ба номи М. Танбӯрӣ барои аз таъмири куллӣ баровардани он корҳои мумфаршкунӣ идома доранд. Зиёда аз 10 нафар  таъмирчиёни ҶДММ «Хуҷандроҳ» роҳи мазкурро барои асфалтхобонӣ омода намуда, бо истифодаи воситаҳои техники муосир корҳои мумфаршкуниро бо вусъат идома медиҳанд. Лозим ба ёдоварист, ки кӯчаи номбурда давоми 15 сол охир таъмири капиталӣ нашуда буд.
Масофаи роҳи таъмир  1,4 км буда , ҳаҷми умумии корҳо зиёда аз 3 ҳазор метрии муррабаъро ташкил  медиҳад. Корҳои таъмир ҳамчунин як қисми рохи соҳили дарёи Сир,- хиёбони ба номи Р. Набиевро низ дар бар хоҳад гирифт. Барои сари вақт ва хушсифат аз таъмир куллӣ Роҳсозон ният доранд то интиҳои хафта корҳои асфалтхобониро ба итмом расонанд.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Мулоқоти сокинони маҳаллаи «Сирдарё» бо Раиси шаҳри Хуҷанд.Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзодав  дар маҷлисгоҳи мактаби таҳсилоти умумии № 7 мулоқоти навбатии худро бо сокинони маҳаллаи «Сирдарё» доир намуд.
Қабл аз вохӯрӣ бо сокинон, Раиси шаҳри Хуҷанд аз рафти дарси таълими меҳнат дар мактаби мазкур ошно шуд. Толибаҳои дабистон дар танӯри мактаб бо роҳбарии омӯзгори худ тарзи пухтани намудхои гуногуни самбӯсаро меомӯхтанд. Раҷаббой Аҳмадзода аз сатҳи дарси мазкур изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид намуд,ки муҳассилин бояд аз давраи мактабхонӣ дар танӯр пухтани хӯрокҳои гуногунро комилан омӯзанд. Зеро ҳадаф аз дастури Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ барои беҳтар намудани сифати дарсҳои таълими меҳнат бо ин тарз, омода намудани ҷавондухтарони ба рӯзгордорӣ ва зиндагии мустақил аст.

Муассисаи тиббии ниҳодҳои қудратӣ таъмир ва азнавсозӣ мешавад.Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, бинои Муассисаи тиббии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд таъмир ва азнавсозӣ мешавад.
Ҳоло дар бинои мазкур ҳамарӯза то 100 нафар сохтмончиёну пардозгарон ва таъмиргарон фаъолият дошта, ҳуҷраҳои тиббӣ, саҳни ҳавлӣ азнавсозӣ ва гулкорӣ шуда истодаанд.
Роҳбарияти раёсати номбурда ният дорад то ҷашни 20 солагии қабули Сарқонуни Тоҷикистон онро мавриди истифода қарор диҳад. Пешбинӣ мешавад,ки баъди ба истифода додани он барои муолиҷаи шабонарӯзии 50 нафар кормандони ниҳодҳои қудратии вилоят,- корҳои дохилӣ, хадамоти гумрук, оташнишонҳо ва муҳофизони муассисаҳои ислоҳоти ҷазо имконият пайдо хоҳад шуд.

Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятӣ баргузор гашт.Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд бо иштироки ҳамаи аъзояш дар ҳузури Раиси шаҳр, Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ Раҷаббой Аҳмадзода доир гардид.
Ӯ ба ҳозирин маълум сохт, ки дар ҷаласа ду масъала, нахуст, дар бораи рафти корҳои омодагӣ ба таҷлили 20-солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сонӣ, татбиқи «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ барои солҳои 2011-2016» мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор мегирад.
Аз рӯи масъалаи якум Мирзоқосим Каримов, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр маълумот дода, аз ҷумла зикр кард, ки яке аз рӯзҳои фархундаву тақдирсозе, ки боиси ифтихор ва сарбаландии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад, санаи 6-уми ноябр аст. Зеро маҳз дар ҳамин сана соли 1994 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...