Навгонӣ
09 Декабр 2014
Ҳоло тибқи дастури Раиси шаҳри Хуҷанд аз оғози моҳи декабр парвариши гулҳои орошӣ ва тухмии онҳо дар гармхонаҳои муассисаҳои кабудизоркунӣ ва гулпарварии маркази вилоят шурӯъ гаштааст.
Бо ин мақсад дар муассисаи кабудизоркунӣ ва гулпарварии шаҳр 5 намуди гулҳо аз қабили садбаргҳои гуногунранг, мехчагул, гули бунафша ва ғайра ба миқдори умумии 5 ҳазор дона парвариш карда мешаванд.
Ҳамчунин Раиси шаҳри Хуҷанд аз гармхонаҳои муассисаи хусусии «Гулафшон» дидан намуда, аз рафти корҳои парвариши гулҳои ин коргоҳ изҳори қаноатмандӣ намуд.
Муфассал... Шарҳ додан