Навгонӣ

Нишасти матбуотии Раиси шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд нишасти матбуотӣ доир шуд, ки дар он Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода ба намояндагони воситаҳои ахбори оммаи шаҳру вилоят ва ҷумҳурӣ оид ба фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар соли 2014 дар самти пешбурди хоҷагии халқ маълумот дод. Аз ҷумла зикр кард, ки корхонаҳои саноатии шаҳр давоми соли 2014 ба миқдори 490 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013-ум 82, 1 миллион сомонӣ зиёд аст. Дар ин давра шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 153 адад расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 46 адад афзуд. Аммо 4 корхона: ҶС «Лаъл», ҶДММ «Некон», Идораи сохтмони №1 ва ҶДММ «Ворис» фаъолият надошт. Барои азнавсозии технология ва модернизатсияи корхонаҳои саноатии навташкил зиёда аз 44 миллион сомонӣ сармояҳои хориҷӣ ва дохилӣ масраф шуда, 1000 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт.

Барномаи солинавии  шаҳри Хуҷанд беҳтарин дар вилоят.Бо мақсади дарёфти чеҳраҳои нави ҳунарӣ истеъдодҳои ҷавон ва ҷалби шахсони лаёқатманд ба фарҳангу ҳунар аз санаи 15 то 31 декабр дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд», дар назди арчаи асосӣ озмуни барномаи фарҳангии солинавии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардид. Давоми 16 рӯз  истеъдодҳои ҷавони шаҳру ноҳияҳои вилоят дар назди ҳакамон ва сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд барномаҳои ҷолибу рангини худро пешниҳод намуданд.
Дар асоси низомнома  аҳли фарҳанги  шаҳру ноҳияҳо барои интихоби жанр ва тарзи пешниҳоди барномаи солинавӣ ихтиёр доштанд. Санаи 31 декабри соли сипаришуда, дар чорабиниҳои ниҳоии солинавӣ ҳайати ҳакамони бо салоҳият, ки аз ҷониби Раёсати фарҳанги вилояти Суғд таъсис дода шуда буд, натиҷаҳои озмуни солинавӣ  эълон гардид.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Ба шахсони эҳтиёҷманд аробачаи маюбӣ тӯҳфа карда шуд.Дар арафаи таҷлили ҷашн ва санаҳои таърихӣ ба оилаҳои ниёзманд ва камбизоат расондани кӯмак аз ҷониби Макомоти иҷроияи ҳркимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба ҳукми анъана даромадааст.
Тибқи дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба 5 нафар шахсони эҳтиёҷманд аробачаи маюбӣ тақдим карда шуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба манзили истиқоматии яке аз ин чунин шахсоне, ки ба аробачаи маюбӣ эҳтиёҷ дошт, Негматҷон Неъматов рафт.
Негматҷон Неъматов сокини шаҳри Хуҷанд кӯчаи Стаханов № 10, бинобар сабаби беморӣ таи чанд вақт аст,ки имкони роҳ гаштан надорад.
Пайвандони номбурда ба Раиси шаҳри Хуҷанд барои ҳалли мушкилоти харидории чунин аробача муроҷиат намуда буданд.
Раҷаббой Аҳмадзода номбурдаро бо соли нав табрик намуда, аробачаро тӯҳфа намуд.

Шоми солинави ва тӯҳфаҳои ғолибон.Ба истиқболи Соли нави мелодӣ дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд» шоу- консерти солинавӣ баргузор гардид. Дар оғози чорабинӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода кулли ҳозирон ва меҳмонони ин ҳамоиши солинавиро бо соли нави 2015 табрик намуд.
«Соли сипаригаштаистода барои сокинони маркази вилоят дар баробари мардуми шарифи кишварамон соли пешрафту ободонӣ рушду натиҷаҳои назаррас буд. Моро ба ин дастовард дастуру ҳидоятҳои Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раҳнамо буд. Бо эътимоди қавӣ таъкид намудани ҳастам, ки соли нави 2015 низ идомаи ин корҳои созандигию ободонӣ ва пешрафти ҳамаи соҳаҳо хоҳад буд. Дар ин самт мардуми сарбаланди шаҳри бостонии Хуҷанд бо азми қавӣ ва меҳнати фидокоронаи худ ин натиҷаҳоро афзун хоҳанд кард».

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шаҳр ба қудакони ятиму ниёзманд китоби тозанашрро тӯҳфа кард.

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода толибилмони синфҳои ибтидоии мактабҳои шаҳри Хуҷанд, ки ятим ва ё аз оилаи ниёзманд маҳсуб меёбанд, бо соли нави мелодӣ табрик намуд.
«Шумо фарзандони азиз ҳамеша таҳти ғамхории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастед. Бинобар он имрӯзу ҳамеша Шумо тамоми имконият ва шароитҳоро барои таҳсил, ба камол расидан ва соҳибкасб шудан хоҳед дошт.»
Баъди суханони табрикӣ Раиси шаҳри Хуҷанд ба ҳамаи 200 нафар наврасони ҳузурдошта тӯҳфаҳои солинавӣ ва китобҳои тозанашри кӯдакона «Шоҳпаланг» ва «Тути кал»-ро тӯҳфа намуд.
Лозим ба ёдоварист, ки китобҳои номбурда ба қалами нависанда Муҳаммад Субҳон таалуқ дошта бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо теъдоди ҳазор нусха аз чоп баромадааст.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...