Навгонӣ
16 Январ 2015
Зимни вохӯрӣ Раиси шаҳри Хуҷанд доири натиҷаҳои шаҳр дар соли сипаришуда ҳарф зада, қайд намуд, ки соли гузашта дар корхонаҳои шаҳр ба ҳаҷми 490 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки ин нисбати соли 2014 81млн сомонӣ зиёд аст.
Теъдоди корхонаҳои хурду миёна бошад 46 адад зиёд шуда, рушди соҳибкориро дар шаҳр таъмин намуданд. Музди маош бошад ба ҳисоби миёна 974 сомониро ташкил дод, ки ин нисбати соли рафта 15% зиёд аст.
Дар ҳамин замина 12 ҳазор нафар шахсони эҳтиёҷманд аз кӯмаки яквақтаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бархурдор гашта, 300 нафар кӯдакон аз оилаиҳои қишри камбизоат бо кӯмаки макомоти шаҳрӣ хатнатӯйи онҳо гузаронида шуд.
Муфассал... Шарҳ додан