Навгонӣ

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Маркази савдои «Файзи Расул» кушода шуд.Дар шаҳри Хуҷанд боз як маркази савдо ва хизматрасонӣ кушода шуд.
Бо назардошти талаботи сокинон ва меҳмонони маркази вилоят дар маҳаллаи «Навбаҳор»- шаҳри Хуҷанд маркази савдои ширкати «Файзи Расул» ба фаъолият оғоз намуд. Бахшида дар расми ифтитоҳи ин мағозаи нав Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд. Пеш аз фаъолияти расмии мағозаи мазкур Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳозирони ин чорабинӣ мулоқот намуда, баён дошт,ки сиёсати имрӯзаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис мегардад,ки соҳибкорони муваффақ ҳамрӯза дастгирӣ ёбанд ва рушд намоянд.
Маҳсулои ширкати мазкур қайҳо маҳбубияти худро дар кишвар ва берун аз он пайдо намудааст, имрӯз номгӯи маҳсулот ва сифати онро бештару беҳтар мекунад.

Дар шаҳри Хуҷанд шоҳроҳи нав сохта мешавад.

Барои зебо ва обод намудани шаҳр ба Наврӯзи дар пеш истода нақшаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд амалӣ мешаванд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода қисмати дуюми рӯзи шанбе бо иштироки мудирони шӯъбаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, Сарраёсати ободонӣ, идораҳои роҳсозӣ, шабакаи барқ, заминсозӣ, «Хуҷандобуканал» ва дигар сохторҳои марбута ситоди сайёрро дар яке аз шоҳроҳҳои маркази вилоят «Автомагистральная» гузаронид.
Дар асоси нақшаи таҷдид ва навсозии роҳҳои шаҳр, шоҳроҳи мазкур бояд дар соли 2015 дар баробари дигар кӯчаҳо шоҳроҳи «Автомагистральная» пурра азнавсозӣ карда хоҳад шуд.
Тибқи лоиҳа шоҳроҳи мазкур 24 метр паҳноӣ ва масофаи 1600 метрро дар бар хоҳад гирифт.
Дар баробари пурра азнавсозии сутунпояҳои равшанидиҳӣ бо фурузонакҳои каммасрафи диодӣ пешбинӣ шуда, шоҳроҳ мумфарш карда мешавад. Баъди таъмир бошад дар ҳар як самт имкон дорад ҳаракати 6 қатори нақлиётро таъмин намояд.

Раиси шаҳри Хуҷанд дархости 53 нафар сокинонро баррасӣ намуд.Имрӯз тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода сокинони маркази вилоятро бо масалаҳои мухталифи ҳалталабашон қабул намуд.
Дар қабули шаҳрвандон ҳамчунин роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, мутасаддиёни шӯъбаҳои тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, раисони кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳр низ иштирок намуданд. Вобаста ба масъалаи қитъаи замини наздиҳавлигӣ 14 нафар, таъмини хобгоҳ 6 нафар, барои расондани кӯмак ба сохтмони манзил ва гирифтани кӯмаки яквақтаи ройгон 7 нафар, муроҷиат намуданд.Ҳамчунин чанде аз шаҳрвандон ба Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода доири баҳси манзил, кӯмак барои харидории доруворӣ ва табобат, мусоидат барои сафари ҳаҷ низ муроҷиат намуданд.

Зани номдор Махфират Дадобоева 70 сола шуд.

Дар қасри фарҳанги шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини Раиси вилояти Суғд Хайрулло Амонулло ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 70 солагии собиқадори меҳнат яке аз пешқадамони истеҳсолоти даврони шӯравӣ, ходими намоёни ҳизбӣ Мағфират Дадобоева баргузор гардид.
Мағфират Дадобоева давоми фаъолияти зиёда аз 40 солаи худ дар комбинати щоҳибофии шаҳри Хучанд  тавонист аз коргари оддӣ то ба дараҷаи намояндаи халқ дар мақоми қонунгузори Иттиҳоди Шӯравӣ, ходими ҳизбӣ, зани фаъол ва устоди чандин шахсони арзандаи диёр гардад. Соҳибҷашн баробари фаъолияти меҳнатӣ ва шахси ҷамъиятӣ будан, модари мушфики панҷ фарзанд аст.
Ин ва дигар хислатҳои наҷиби соҳибҷашн, нақшу корнамоии ӯ дар истифодаи таҷрибаи пекадам, зинадагиномааш чун соҳибхоназан ва оиладорӣ дар суханони табрикии Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ зикр гардид.

Ниҳолшинонӣ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилоят.Дар маркази вилоят тибқи нақшаи омоданамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд маъракаи ниҳолшинонӣ бо вусъат идома дорад.
Яке аз мавзеҳое, ки бояд азнавсозӣ шуда тарҳи дигар гирад ин майдони шафати роҳи кӯпруки асосии шаҳр аст. Давоми ду ҳафтаи охир кормандони идораи хоҷагии манзилию коммуналӣ ин мавзеро аз дарахту буттаҳои хушкида тоза намуда, барои шинондани ниҳолҳои нави ҳамешасабз омода намуданд.
Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади иштирок дар маъракаи ниҳолшинонӣ ба мавзеи номбурда омаданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода Раиси вилояти Суғдро бо нақшаи азнавсозии ин ҷо ошно намуда таъкид намуд, ки давоми як моҳ корҳои ниҳолшинонӣ, панҷарагирӣ ва сабзу обод гардони он ба анҷом расонда мешавад.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...