Навгонӣ

Рӯзи Парчами давлатӣ дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТБахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ бо иштироки устодону донишҷӯёни Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи Давлатии Тиҷорати Тоҷикистон чорабинии илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Чорабиниро ҷонишини директор оид ба тарбия ва рушди ҷавонон, дотсент Гулчеҳра Аҳророва ҳусни оғоз бахшид.
Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Муяссара Мавлонова паёми табрикотии Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзодаро ба ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён расонд.
Мудири кафедраи ҷомеашиносӣ, номзади илми фалсафа, дотсент Фаррух Турсунов дар мавзӯи «Парчам-рамзи ободиву осоиштагӣ» маърӯзаи илмӣ намуда, ҳамзамон оиди таърихи қабули Парчами давлатӣ маълумот доданд.

Таҷлили Рӯзи Парчами миллӣ дар шаҳри Хуҷанд.Дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ тантанаи идона баргузор гардид. Баъди садо додани Суруди миллӣ, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода кулли ҳозирон ва ҷамъомадагонро бо ин рӯзи фархунда аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ табрик намуд ва таъкид намуд, ки «Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии ватанамон буда, дар баробари Конститутсия, Нишон, Суруди Миллӣ ва асъори миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ маҳсуб мешавад, ки дар иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида буд.
Аз он рӯзе, ки миллати соҳибмаърифати мо соҳиби Парчам гардид, дар ҳаёти мамлакату ҷомеаи кишвар бисёр дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд ва барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф ва маънавиёти мардум шароити мусоид фароҳам оварда шуд.»

Эҳтиром ба парчами миллӣ.Бахшида ба муносибати таҷлили ҷашни Рӯзи парчами давлатӣ дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.
Онро бо сухани муқаддимавӣ директори донишкада Дилрабо Мансурова ҳусни оғоз бахшида, қайд кард, ки эълон шудани Рӯзи Парчами Тоҷикистон воқеаест фараҳбахш ва баргузории он дар дили ҳар фарди ватандӯст ва сокини Тоҷикистони азиз эҳсоси дӯст доштан ва парастиш кардани ин сарзаминро дучанд менамояд.
Сармутахассиси шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ташкилотҳои ҷамъиятии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят шоир Ният Ҳаёт паёми табрикотии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодириро бахшида ба Рӯзи парчами давлатӣ ба самъи ҳозирин расонда, ҳамзамон аз таърихи пайдоиши парчам ва нақши он дар ҳаёти сиёсии кишвар сухан ронд.

Раиси шаҳри Хуҷанд аз мавзеи сӯхтор дидан намуд.Имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳамроҳии муовинони худ, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, мудирони шӯъбаҳои дахлдор ба мавзеи сӯхтори марказҳои савдо омад. Ба Раиси шаҳри Хуҷанд доири ҳолатҳои сӯхтори ба амаломада, фаъолияти ситоди шаҳрӣ маълумот дода шуд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки аз рӯи натиҷаҳои пешакӣ дар се марказхои савдои дар мавзеи Панҷшанбе ҷойгиршуда,-«Баҳор», «Тоҷир», «Сино» 82 нуқтаҳои савдо оташ гирифта, ҳисороти умумӣ дар марҳилаи имрӯза наздик ба як миллион сомонӣ аст.
Айни замон ба қисме аз соҳибкорон дар марказҳои савдои ба номи «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» ,бозори дар микроноҳияи 34 мавҷуд буда барои идомаи фаъолияти соҳибкорӣ бе пардохти иҷорапулӣ шароит фароҳам оварда шудааст. Чунин имконият барои соҳибкорони дигар низ дар сурати хоҳиш доштани онҳо пешниҳод карда мешавад.

alt

Қадршиносӣ аз Парчами давлатӣ аз гузашта, имрӯз ва ғамхорӣ аз фардои халқ аст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши барҷастаи ин рамзи муҳими давлатиро дар таҳкими сулҳу субот, дӯстию якдилӣ ва Ваҳдати халқи азизамон зикр намуда, барҳақ қайд карда буданд:
«Итминони комил дорам, ки Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун таҷассуми умеду ормонҳои мо ҳамеша парафшон хоҳад буд ва зери сояи он мо дар роҳи ободии Ватани азизамон ба дастовардҳои рӯзафзун ноил хоҳем шуд.»
Хушбахтона, ба шарофати истиқлолияти давлатӣ тоҷикон соҳиби Парчами миллӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони тоҷикон гардиданд.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...