1391
(5 овоз, миёна 4.00 аз 5)
24 Ноябр 2015
Дар шаҳри Хуҷанд Рӯзи парчами давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса ва бо тантана таҷлил гардид.
Субҳи барвақт наздик наздики 15 ҳазор ҷавонон бо парчами миллии 500 метра аз мавзеи «Гулбаҳор»- хиёбони И. Сомонӣ роҳпаймоии идонаро оғоз намуданд. Дар сафи пеш наврасони дучархасавор ва картингронон бо парчами миллӣ иштирокдорони роҳпаймоиро роҳбаладӣ намуданд.
Иштирокдорони роҳпаймоӣ бо шиорҳои «Парчами Тоҷикистон парафшон бод!», «Поянда бош Тоҷикистон» ва ғайра то маркази баргузории чорабиниҳои идона, пояи Парчами Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Мақомоти иҷрояи ҳокимитяи давлатии вилояти Суғд омаданд. Баъдан дар мавзеи номбурда бо иштироки роҳбарони воҳидҳои сохтории шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд, фаъолон, собиқадорони меҳнат ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.