Навгонӣ

Машқи варзишии пагоҳӣ,- гарави саломатӣРӯзи шанбеи сипаригашта бо маысади татбиыи тарзи ҳаёти солим, ҷалби васеи омма ба варзиш ҳамчунин мувофиқи ҷадвали тасдиқгардида дар дар назди Муассисаи давлатии «Қасри ҷавонон»-и ба номи Лоиқ Шералӣ машқи пагоҳирӯзӣ барузор гардид.
Дар машқи пагоҳирӯзӣ зиёда аз 100 нафар варзишгарони Муассисаи давлатии «Мактаби варзишии захираҳои олимпӣ»-и шаҳри Хуҷанд ва хоҳишмандону дӯстдорони варзиш иштирок намуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки давоми ду соли охир Бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд дар интиҳои ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳат дар мавзеҳои серодами маркази вилоят бо кӯмаки мураббиёни мактабҳои варзишии шаҳр барои варзишгарон ва ҷалби оммаи дӯстдорони тарзи ҳаёти солим машқи пагоҳирӯзӣ доир мегардад.

Ғолибон муайян гаштандДар заминаи фармоиши сардори Раёсати маорифи вилоят аз 12 декабри соли 2016, №273 санаи 21 феврали соли ҷорӣ дар қисми низомии 3501-и қӯшунҳои дохилии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади тарғибу ташвиқи ҳисси ватандӯстӣ дар байни хонандагон, таҳкими дӯстӣ, ташвиқоти хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва бахшида ба 24-солагиии таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷи-кистон, истиқболи сазовори Рӯзи ваҳдати миллӣ ва эълон гардидани соли 2017- «Соли ҷавонон» байни хонандагони синфҳои 8-9 уми муассисаҳои таълимии вилоят даври вилоятии озмуни ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» баргузор гардид.
Дар озмун ғолибони даври минтақавӣ аз шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Деваштич ва Ҷаббор Расулов иштирок намуданд.

Артиши миллӣ нерӯи бузурги ҳимояи марзу бумБа ифтихори 24-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки устодон ва шогирдон доир гардид.
Директори донишкада Дилафрӯз Саидӣ аҳли нишастро бо ин санаи фархунда шодбош намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки Артиши миллии кишвар дар шароити ҳассос ва мушкили кишвар арзи ҳастӣ намуда, бо шарофати ғамхорӣ ва дастгирии пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат,  Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузашти 24 сол ба нерӯи бузурги ҳимояи марзу бум табдил ёфтааст. Ва оромии ҷомеа ба маҳорату мардонагии фарзандони шуҷои миллат вобастагии калон дорад.

Ахтарони ватанпарварСанаи 17 феврал дар Гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни бошукӯҳи «Ватанпарвар» доир гардид. Дар рафти чорабинӣ таҳти сарварии раиси созмони талабагӣ Роҳат Умарова 120 нафар толибилмони беҳтарин ба сафи Созмони талабагӣ, зинаи Ахтарон қабул карда шуданд.
Яке аз бахшҳои асосии чорабиниро хондани суруди зинда ва қироати шеър дар васфи Ватан, сулҳу ваҳдат ва озодию истиқлолият ташкил дод. Дар ин бахш ҳамагӣ 10 нафар хонандагони болаёқат – Сарваршоҳ Раҷабов, Шоҳрӯз Дилшодӣ, Муҳаммад Зоидов, Муҳаммад Иброҳимов, Гулноза Юсуфова, Азиза Арипова, Малика Каримова, Малоҳат Саиднабиева фаъолона ширкат варзида, маҳорати баланд нишон доданд.

Чорабиниҳои идона дар қисмҳои низомии шаҳри Хуҷанд.Имрӯз бахшида ба 24 солагии таъсисёбии Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми қисмҳои низомии дар шаҳри Хуҷанд ҷойгир буда чорабиниҳои тантанавӣ баргузор гашт.
Аз ҷумла чунин як тантанаи пуршукӯҳи идона дар қисми низомии 3501 Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Дар қисмати расмӣ тамоми сарбозону афсарони дар майдони низомӣ ҷамъомадаро муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Хайрулло Ғайбуллозода аз номи Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз табрик намуд. Ҳамчунин фармондеҳи қисми низомии 3501 Насриддин Умарзода доири омодагии ҳамешагии ҳайати ин қисми низомӣ сухан гуфта, барои эътибору таваҷҷӯҳ ва дастгирии ҳамаҷониба ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосмандӣ намуд.

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...