Навгонӣ
04 Июл 2013
Дирӯз Раиси вилояти Суғд, мӯҳтарам Қоҳир Расулзода ҳамзамон бо ҷараёни таъмиру мумфаршкунии кӯчаҳои ба номи Хуҷанд ва Себзори шаҳри Хуҷанд шинос шуд.
Қоҳир Расулзода аз ҷараёни сусти корҳо интиқод намуд. Раиси вилоят барои анҷоми босифати корҳо супориш дода, таъкид дошт, ки корҳоро дар мӯҳлатҳои пешбинишуда ба сомон расонанд.
Хотиррасон менамоем, ки бо дастгирии ҳамаҷонибаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят корҳои мумфаршкунии роҳҳои мошингарди шаҳри Хуҷанд имсол вусъати тоза гирифта, ба ҳусни шаҳр зебоии дигаре зам менамояд.Муфассал... Шарҳ додан