Навгонӣ

Озмуни «Калидчаи заррин» ҷамъбаст гардидБо мақсади бештар ба роҳ мондани таълиму тарбияи ҳунарӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, рушди қобилиёти фикрӣ, ақлӣ, тарбияи зебоипарастӣ, парвариши меҳру муҳаббати кӯдакон нисбат ба шеъру сухан, маҳорати эҷодӣ, инкишоф додани кори ташфиқоту тарғиботӣ оиди бехатарӣ аз сӯхтор ва дар сатҳи арзанда омода намудани кӯдакон ба мактаб дар кӯдакистони №9 озмуни шаҳрии «Калидчаи заррин» баргузор гардид.
Озмун аз рӯи шартҳои зерин: саломномаи дастаҳо, эстафета байни дастаҳо – «Ки сӯхторро тезтар хомӯш мекунад?», саҳнача дар мавзӯи «Оташ дӯст ва душмани инсон», саволу ҷавоб тавассути тестҳо ва суруди умумӣ оид ба бехатарӣ аз сӯхтор  гузаронида шуд. Дар озмун 48 нафар тарбиятгирандагон аз муассисаҳои таҳсилоти томактабии №31,9,18 ва 33 бо номи дастаҳои «01», «Сипар», «Далерон» ва «Ҷасур» байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Ваҳдат ва нақши он дар осоиштагии ҷомеаДар толори маҷлисгоҳи Донишкада бо иштироки ҳайати васеи профессорон, устодон, донишҷӯён ва кормандони муассиса бахшида ба таҷлили 19-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Конфронсро директори Донишкада, доктори илми иқтисод, профессор Иномҷон Аминов ифтитоҳ карда, оид ба аҳамият, ҷабҳаҳои омӯзиш ва ҳифзу гиромидошти Ваҳдати миллии тоҷикон, ки санаи 27-уми июни соли 1997 бо ба имзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба даст омадааст, ибрози андеша намуд.
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Каримов М. табрикоти Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файзро ба аҳли Донишкада иброз намуд. Номбурда перомуни аҳамияти Рӯзи Ваҳдати миллӣ фикрронӣ карда, дар ин раванд хизматҳои шоён ва бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шоистаи таҳсин ва арҷгузорӣ арзёбӣ намуд.

Танатанаи Иди Ваҳдат дар Кохи РӯдакӣСубҳи имрӯз дар Кохи ба номи Рӯдакии маркази вилоят ҷамъомади идона бахшида ба 19-умин солгарди Ваҳдати миллӣ бо иштироки аҳли ҷамоатчигии шаҳр ва собиқадороони меҳнату аҳли зиё баргузор шуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз бо маърӯзаи идона баромад карда, аз нақш ва мақоми Ваҳдати миллиро дар рушду нумӯи соҳаҳои хоҷагии халқ зикр намуда, гуфт, ки «маҳз ба ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ санаи 27 июни соли 1997 оташи ҷаги бародаркуш басанда гардид ва сулҳи деринтизор ба диёри мо омад».

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Гузашти айёмДирӯз бойониамро варақгардон кунам, ин сурат пайдо шуд. Ва тамошои он хотироти маро ба солҳои вазнини 90-уми қарни гузашта бурд. Он солҳо камина дар шӯъбаи «Ҳаёти Советҳо»-и рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» ба сифати мухбири шӯъба- масъули инъикоси ҳаёти ҷавонон бо ҳамроҳиии  устоди зиндаёд, муаррихи маъруфи тоҷик Ҳасанбой Шарифов кор мекардам. Дар ин сурат як лаҳзаи таърихӣ акс ёфтааст. Моҳи майи соли 1993 роҳбари Фронти халқии Тоҷикистон Сафаралӣ Кенҷаев ба Хуҷанд омада дар идораи рӯзнома оид ба вазъи сиёсии кишвар бо журналистони расонаҳои хабариии ватанию хориҷӣ мусоҳиба ороста буд. Суратгири зиндаёд Шариф Мамадҷонов ин лаҳзаро аккосӣ карда ба ман низ як сурат дода буд.
Шӯъбаи моро он шабу рӯзҳо шӯъбаи сиёсӣ ҳам гӯем хато намешуд. Зеро, робитаи кории мо бо Ҳукумати вилоят  сахт қавӣ ва тақозои вазифа бо ҳар гуна масъалҳои мубрами онвақтаина сару кордор мешудем.

Таътили хонандагони Гимназияи № 4 бомаърифат мегузарад.Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд давраи таътили тобистона барои муҳассилини худ чорабиниҳои мухталиф баргузор менамоянд.
Ҳайати омӯзгорон гимназияи № 4 қарор доданд дар таътили хонндагон робитаи худро бо хонандагони худ нигоҳ дошта, фаъолияти китобхонаи мактабро ҷоннок намоянд. Тибқи нақшаи тасдиқгардида минбаъд хонандагони ин муассисаи таълимӣ имкон доранд аз адабиётҳои бадеӣ ва мактабӣ истифода баранд.
Назар ба маълумоти роҳбарияти мактаб то имрӯз асосан хонандагони синфҳои аз 2 то 11 чун хонандагони фаъол ба қайд гирифта шуда аз  китобҳои ҳам дарсӣ ва ҳам бадеӣ истифода мебаранд.
Дар китобхонаи мактаб то имрӯз теъдоди китоб китобҳои дарсӣ зиёда аз 32230 дона, китобҳои дарсӣ бо забони русӣ 7601 дона, китобҳои тозанашр бо забони русӣ 690 дона, китоби бадеи бо забони тоҷикӣ  чопи замони шӯравӣ 989 дона, давоми 15 соли охир ба дасти хонандагон расида 260 дона буда, ҳар сол хонандагон ва омӯзгорон ба зиёда аз 52 номгӯи мачаллаву рӯзномаҳо обуна мешаванд.

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...